Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи амалиёти Исроил дар Ғазза


Артиши Исроил имрӯз ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шимоли Ғаззаро аз сар гирифт, ки бар асари онҳо як тундрави фаластинӣ кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд. Як рӯз пеш аз ин ҳамлаҳо дар натиҷаи задухӯрдҳои шадиди миёни фаластиниёну исроилиҳо дар Ғазза 22 фаластинӣ ва як сарбози исроилӣ ба ҳалокат расиданд.
Исроил мегӯяд, амалиёт дар Ғазза ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои мушакӣ ба он кишвар аст ва ҳамчунин барои фишор ба тундравон, ки сарбози 12 рӯз пеш ба асоратгирифтаашонро раҳо кунанд. Дар набардҳои дирӯза артиши Исроил ба зидди тундравон аз силоҳҳои сангин ва чархболҳо истифода бурд ва онҳо дар посух ба ҳамлаҳо аз гранатмётҳо, мушакҳои зиддитонкӣ ва дигар навъи аслиҳа кор гирифтанд. Нахуствазири Фаластиниён Исмоил Ҳония амалиёти Исроилро як ҷиноят ба зидди инсоният номид.
XS
SM
MD
LG