Пайвандҳои дастрасӣ

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!...Вале кадом китоб?


Сайёфи Мизроб

Дар Тоҷикистон омори расмӣ роҷеъ ба хариду фурӯши китоб мавҷуд нест. Аммо ин далел, ки кутуб бо теъдоди на бештар аз 500 ё 700 дона нашр мешаванд, гувоҳ аст, ки хариду фурӯши китоб ба карот пойин рафтааст ва ин тиҷорат нафъовар. Ба иттилоъи Меҳмон Бахтӣ, раиси ИНТ ҳамасола аз хазинаи президенти кишвар барои нашри китоб садҳо ҳазор сомонӣ ҷудо мешавад. Вале теъдоди кутуб, ки ба чоп тавсия мешаванд, хеле зиёд аст. Аз ин рӯ китобҳои адибони баркамоли тоҷик бо теъдоди 500 ё 700 дона нашр мешавад. Мусоҳби ман меафзояд, ки «ин кутуб дар наздиктарин фурсат ба фурӯш меравад».
Аз маликушшуарои тоҷик мепурсам, ки тӯли 10 соли ахир китобе нашр шудааст, бо теъдоди зиёд, ки барои нависанда фоида овардааст? Ва оё адибоне ҳастанд, ки ба кутуби ишон талабот миёни мардум буда бошад? Мусоҳиби ман ба ин суол посухи муаммобарангезтар аз суол дод: «медонед, агар ман он адбионеро ки маҳбубияти мардумӣ доранд, номбар кунам, дигарон малӯл мешаванд. Аз ин рӯ мегӯям, ки ҳастанд адибоне, ки хонандаи худро доранд, ва кутуби онҳо хзуд ба фурӯш меравад! »
Саттор Турсун, нависандаи маъруфи тоҷик, муддаъии асосӣ барои дарёфти Ҷоизаи Давлатии ба номи Рӯдакӣ дар соли равон, мегӯяд, мардум китоб камтар мехаранд. Зеро китобе ки нашр мешавад, ҷавобгӯи талаботи бозори кутуб нест.
Ҷонибек Акобиров сардабири маҷаллаи адабии «Садои Шарқ» бар ин назар аст, ки сабаби аслии аз мутолиъа ва дар ин зимн аз харидории кутуб дилсард шудани мардум ба ҷанги шаҳрвандӣ бастагӣ дорад.
Меҳмон Бахтӣ ин равандро ба ҳамёни мардум нисбат дод: «агар зиндагонии мардум хуб шавад, сатҳи он боло равад, ин мардум боз рӯ ба китоб меорад!» Саттор Турсун меафзояд, сабаби аслии касодии бозори китоб дар нашри барзиёди китобҳои фармоишӣ ва бесифат ва каммазмун аст.
Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи Ҷонибек Акобиров ҳар китобе ки нашр мешавад, новобаста ба сифат ва мӯҳтаво ба фоидаи кор аст.
Ва аммо биёед аз худи мардум мепурсем, ки онҳо чаро китоб намехаранд ва намехонанд? Ҳамкорам Инобати Икром, донишҷӯи соли чоруми ДДМТ дар кӯчаҳои пойтахт аст ва ин суолро аз раҳгузарон менамояд,ки
китоб мехонед? Аксари мусоҳибони ӯ гуфтаанд, ки мехонанд, вале китоби дилхоҳи худ, ба талаботи замона ҷавобгӯро то ҳанӯз дарёфт накардаанд.
Дар соле, ки гузашт аз хазинаи президент ба нашриёти Адиб 250.000 сомонӣ, баробар ба 78 .000 доллари амрикоӣ ҷудо шуд. Бо ин маблағ 50 китоб бо супориши ИНТ ва бо маблағгузории президенти кишвар нашр шуд . Сайидалӣ Маъмур муовини раиси нашриёти Адиб ба РО гуфт, соли 4 аст, ки бо дастури ИН ва маблағ аз хизонаи президент ин корхона китоб нашр мекунад.
Урун Кӯҳзод, Гулназар, Абдумалик Баҳорӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Садриддин Ҳасанзод, Кароматулло Мирзоев, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Муҳаммадзамони Солеҳ, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Усмон Назир- ин феҳристи нокомили адибони баркамоли тоҷик аст, ки соли пор нашриёти Адиб асарҳои онҳоро ба дасти чоп дод.
Ва аммо дар сӯҳбати сарикӯчагии РО муайян гардид, ки ниёзи хонанда бештар ба муаллифони дигар аст:
Ба суоли ҳамкорам Инобат, ки «кадом нависандаҳоро мешиносед? аксарият номи Турсунзодаву Айнӣ гирифтаанд ва бархе дигар Салими Айюбзодро бо китоби ҷадидаш «Сад ранги сад сол»»
Муъмин Қаноат-шоири тавонои тоҷик мегӯяд, як сабаби дигари дилсардии муштарӣ аз муаллиф ин ҳам ҳаст, ки ҳамакнун осори онҳо дастрастар шудааст: « он чизе ки мардум ва ҷомиъа мехоҳад кам аст ва ба ин хотир мардум дар нисбат ба адабиёт бетафовут шудаанд. Ҷараёни умумии бӯҳрони маънавӣ ҳоло тавсеъа меёбад»
Бозори китоб дар Тоҷикистон муфлис аст ва рушд кардани он дар гумон. Китоб ба фурӯш намеравад. Муаллифин ҳаққи қалам намегиранд. Нависандаҳо дилсарданд Ва аммо шуаро роҳи раҳоӣ аз бӯҳронро ёфтаанд. Адибон мегӯянд, ба сарояндагон, ба вежа ҷавонон тарона менависанд ва аз онҳо пул мегиранд. Як манбаъ, ки номашро фош накард, гуфт, барои як тарона аз сароянда 100 сомонӣ мегирад. Ин адиб, ки номаш дар феҳристи удабое, ки аз маблағи президент китоб менависанд, дур афтодааст, афзуд, ҳафтае то 5 сурудашро ба ситораҳои санъати тоҷик мефурӯшад ва аз ҳамин маблағ, моҳе то 2.000 сомонӣ даромад мегирад. Бо ин маблағ ӯ ҳам бори рӯзгор мекашад ва ҳам бори фарҳанг. Ӯ тағаззулу мухаммаси худро нашр мекунад, ки дар ин маҷмӯъа ба таронаҳои сурудгунааш, ки пайваста аз Радиову ТВ садо медиҳанд, ҷой нест..
XS
SM
MD
LG