Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равобити печидаи Тоҷикистону Ӯзбакистон, номаи Шириншоҳ Шотемур ба Сталин ва кӣ барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол мегардад?


Ҳафтаномаи «Миллат» бо нигаронӣ ба коста шудани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон дар чанд соли ахир дар матлабе зери унвони «Ӯзбакистон кай дӯст мешавад?» навиштааст: «Азбаски андактарин тағийроту дигаргунӣ дар муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон, сарфи назар аз ҳаҷму табиаташ, манофеи марбути ҷумҳуриро таъсиррасон аст, ҷомеаи тоҷик ва расонаҳои иттилоотӣ, ки усулан баёнгари ҳолу вазъи он мебошанд, ба ин тағийроту дигаргуниҳо ва умуман ҳамагуна рӯйдодҳо дар муносибатҳои ин ду кишвар бетафовут буда наметавонанд».

Муаллифи матлаб ба истинод ба назари коршиносон сардшавии муносиботи ин ду кишварро бештар ба ҷонибӣ Ӯзбакиситон марбут медонад. Дар матлаб омадааст: «Баъд аз бархӯрдор гаштан аз дастгирии комили Маскав ҷониби Ӯзбакистон ба фишороварӣ алайҳи Тоҷикистон шурӯъ кард. Ин фишороварӣ дар пасманзари саҳлангорӣ ва беэътиноии дидаву донистаи Русия беш аз пеш тақвият меёбаду ҳамаи сохторҳои ИДМ дар ин амр ба Ӯзбакистон мусоидат мекунанд».

Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар робита ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон тақдир шудани марҳум Шириншоҳ Шотемуров, як тан аз роҳбарони нахустини Тоҷикистон дар замони шӯрави собиқ, номаи ӯ ба роҳбари вақти Иттиҳоди шӯравии собиқ Иосиф Сталинро ба нашр расонидааст. Нома саропо дар мавриди вазъи тоҷикон ва маданияту фарҳанги ин миллат дар Ӯзбакистон таҳия шудааст. Дар ин нома омадааст: «Дар Ҷумҳурии Бухоро ҳашсаду ду ҳазор тоҷик ва дусад ҳазор қирғиз зиндагӣ мекарданд. Қирғизҳо мактаби худ ва ба ҷуз ин дар назди КИМ-и Бухоро шӯъбаи қирғизӣ доштанд. Тоҷикон бошанд аз ҳуқуқи ба забони модариашон гуфтугӯ кардан маҳрум буданд. Забони онҳо забони амирӣ ҳисоб меёфт. Ҳарчанд худи амир ӯзбак буду дар аморати ӯ ҳам тоҷикӣ ҳамчун забони мутаммадин ва адабӣ, ки натанҳо дар Осиёи Миёна, балки дар кишвари Форс, Афғонистон ва Ҳиндустон низ интишор ёфтааст, ба сифати забони давлатӣ ҷорӣ буд».

«Тоҷикистон» ҳамчунин дар матлаби дигар хабар додааст, ки 60 нафар донишҷӯи ӯзбакистонии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон марзро ғайриқонунӣ убур карда, вориди Тоҷикистон шудаанд. Аз ин рӯ дар матлаб бо истинод ба мақомоти донишгоҳи мазкур омадааст, ки онҳо дубора ба Ӯзбакистон баргардонида шудаанд, то асноди зарурӣ, яъне раводиди Тоҷикистонро дарёфт карда ва баъдан ба кишвар баргарданд. Ба гуфтаи ин мақомот мӯҳлати имтиҳонсупории ин донишҷӯён 20 рӯз тамдид шудааст.

Вале ҳафтаномаи «Зиндагӣ» дар нашри тозаи худ дар мавриди равобити феълии Тоҷикистон бо Русия чанд матлаб ба нашр расонидааст. Нашрия хабар додааст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия фармони ба моликияти Русия додани маркази оптикиву электронии Норак, воқеъ дар 70 километрии ҷануби Тоҷикистонро ба имзо расонидааст. Ҳафтанома менависад ин марказ дар асоси пардохти қарзи Тоҷикистон назди Русия ба ин кишвар дода шудааст.

«Зиндагӣ» ҳамчунин дар матлаби дигар зери унвони «Сванидзе ба ҳимояи тоҷикони муҳоҷир бармехезад» ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик дар Русия дахл карда навиштааст: «Чанд ҳафта пеш боз ташкилоти наве бо номи «Русияи мо» ба фаъолият оғоз кард, ки ҳадафи он низ мубориза зидди неофашистони рус, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷику ӯзбак, барқарор кардани дӯстии халқҳо ва сулҳу оромӣ дар Русия мебошад».

Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Факти и комментарий» дар матлабе зери унвони «Ирон хостори кафолат аст ва Тоҷикистон омодааст кафолат диҳад» хабар додааст, ҷониби Ирон дар созишномаи байнидавлати бо Тоҷикистон тағийрот ворид кардааст. Ба навиштаи нашрия Ирон хостори он шудааст, ки ҷониби Тоҷикистон пас аз бунёд шудани нирӯгоҳи барқи обии Сангтуда 2 ба Ирон дар мариди харидории барқи тавлидшуда кафолати давлатӣ диҳад. Ва дар зимн вазорати молия ва иқтисод ва савдои Тоҷикистон омодагии худро ҷиҳати додани ин кафолат изҳор кардааст.

Вале ҷараёни мусобиқоти ҷоми ҷаҳонии футбол дар Олмон аз назари нашрияҳои Тоҷикистон дар ин ҳафта низ канор намондааст ва ин нашрияҳо иттилоъ додаанд, ки дар рақобати тимҳои футболи Фаронсаву Итолиё рӯзи 9 июн тақдири ҷоми ҷаҳонии футбол барои чаҳор соли дигар мушаххас хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG