Пайвандҳои дастрасӣ

Заминларза Тоҷикистонро такон дод


Маркази зилзиланигории Тоҷикистон аз вуқӯъи як мавриди заминларза дар қаламрави кишвар хабар додааст. Ба иттилоъи ин марказ, вуқӯъи заминларза соати 8, 57 дақиқаи субҳ ба вақти маҳаллӣ сабт шудааст. Маркази ларзанигории Тоҷикистон шиддати заминларза дар Душанбе-пойтахтро 2,5-3 дараҷа унвон кардааст. Ба гуфтаи ин ниҳод, конуни заминларза дар 295-километрии шарқи Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Ҷиргатол воқеъ буда ва шиддати заминларза дар конуни он панҷ дараҷа дар миёси ҷадвали Риштер унвон шудааст. Гуфта мешавад, такони заминларза ҳамчунин дар ҳудуди навоҳии Бадахшони Тоҷикистон низ эҳсос шудааст. Бино ба иттилоъи аввалияи вазорати умури изтирории Тоҷикистон, ин заминларза талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.
XS
SM
MD
LG