Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Италия ва ё Фаронса?


Зарбаи 11-метраи Зайниддин Зидан барои Фаронса кифоят намуд, ки Португалияро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода, ба бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол роҳхат гирад. Дар дақиқаи 33-уми қисми аввали бозӣ футболбози хати дифоии Португалия Рикардо Корвалйо дар дохили майдончаи ҷаримавӣ ҳуҷумкунандаи Фаронса Терӣ Анриро аз пой афтонд ва довар ба маркази майдончаи ҷаримавӣ: нуқтаи 11-метр ишора кард. Кӯшишҳои пай дар паи мунтахаби Португалия то ҷое нарасиданд.
Дар бозии финалӣ футболбозони Фаронса бо мунтахаби Италия рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Рӯзи сешанбе дар шаҳри Дортмунд дар бозии нимфиналии аввал Италия соҳибони майдон Олмонро бо ҳисоби 2 бар 0 ноком карда буд.
Акнун рӯзи шанбе дар шаҳри Штутгарт Олмон бо Португалия барои ҷои сеюм қуваозмоӣ мекунанд. Аммо бозии финалӣ рӯзи якшанбе дар шаҳри Берлин доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG