Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳсҳои пиромуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Маскав


Клер Бигг Зиёда аз 700 вакил аз созмонҳои байнулмилалӣ ва русии ғайридавлатӣ дар Маскав хитобаеро ба унвони сарони ҳашт кишвари пешрафти саноатӣ тасвиб карданд. Қарор аст, ин ёддошт 15 то 17-уми июл, дар рӯзҳои нишасти сарон дар Санкт-Петербург ба онҳо расонда шавад.

Нуктаи асосии онро даъвате ташкил медиҳад, ки бояд ҳаштгона ба ҷомеаи шаҳрвандӣ арҷ бигзорад. Дабири кулли созмони Афви байнулмилал Ирен Хон дар анҷумани Маскав гуфт, бо вуҷуди он ки созмонҳои ғайриҳукуматӣ ҳарчи бештар дар ташаккули сиёсати ҷаҳонӣ саҳм мегиранд, талошҳо ва баҳонаҳои мубориза бо терроризм кори онҳоро ба мушкил рӯбарӯ кардаанд. Вай афзуд, фаъолияти онҳо зери фишоре рафтааст, ки иқлими ҷаҳонии амниятӣ ва муборизаи зидди терроризм дар ҷаҳон ба миён овардаанд.

Сухангӯёни дигари анҷумани созмонҳои ғайридавлатӣ низ ин нуктаро тасдиқ карданд ва гуфтанд, сарони ҳаштгона бояд садоқати хешро ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ва паноҳандагон, мубориза бо нажодпарастӣ ва фақр ва ҳифзи муҳити зист нишон диҳанд. Президенти Русия Владимир Путин аз ағлаби пешниҳодҳо ҳимоят кард ва гуфт, онҳо ба пешнависи тавсияҳое ки барои ҷаласаи Санкт Петербург омода мешаванд, шабоҳати зиёд доранд. Вале ширкаткунандгони анҷуман барои худи Путин ҳам тавсияҳои мушаххас доштанд ва ҳукумати ӯро дар саркӯб кардани демократия, матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ айбдор карданд. Намояндаи Шӯрои Аврупо дар умури паноҳандагон ва муҳоҷирон Клер Риммер аз сарони ҳаштгона даъват кард, ба нақзи ҳуқуқи инсон дар ду минтақаи ҷангзада -- Ироқ ва Чеченистон хотима диҳанд: "Нақзи ҷиддӣ ва давомдори ҳуқуқи инсон дар ҷараёни низоъҳои мусаллаҳона дар Чеченистон ва Ироқ нигаронии махсусеро ба миён овардааст. Рафтори ҳукуматҳо дар баробари омма заминаи рушди терроризм гаштааст ва вазъи амниятиро халалдор мекунад. Мо аз ҳаштгона даъват мекунем, қонунҳои миллии зидди терроризмро бо меъёрҳои ҷаҳонии ҳуқуқи инсон мутобиқ созанд."

Путин ба далели ин ки нақзи ҳуқуқи инсон дар минтақаҳои низоъ гурезнопазир аст, аз ҳукумати худ ҳимоят кард ва афзуд, амалиёти ҷангӣ дар Чеченистон ба поён расидааст: "Имрӯз дар Чеченистон ҳеҷ гуна амалиёти ҷангӣ нест. Он ҷо гоҳе фаъолиятҳои террористӣ буруз мекунанд, вале ҷанг нест. Артиш дар сарбозхонаҳост. Нирӯҳои мо дар ҷо айнан монанди дигар манотиқи Русия аз рӯи нақша ҳузур доранд ва кори оддӣ анҷом медиҳанд."
Путин ҳамчунин барои қонуни нави Русия, ки фаъолияти созмонҳои ғайридавлатиро маҳдуд мекунад, мавриди танқид қарор гирифт. Ин қонун сармоягузорӣ ба созмонҳоеро манъ мекунад, ки аз нигоҳи мақомоти расмӣ ба амнияти миллии Русия таҳдид мекунанд.
Путин аз ин қонун низ дифоъ кард ва гуфт, он бо пешниҳоди бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ таҳия ва қабул шудааст. Вале ин посухи ӯ натавонист, фаъолони созмонҳои ғайридавлатии Русияро қонеъ гардонад. Элисон Ҷил, мудири Human Rights Watch дар Маскав мегӯяд, Путин мебоист ҳам ҳақиқати ин қонун ва ҳам иҷрои онро мавриди таҳқиқ қарор медод. Ширкаткунандагони анҷуман гуфтанд, ҳақ доранд аз сарони қудратҳои ҷаҳонӣ талаб кунанд, ки набояд, созмонҳои ғайридавлатӣ фақат намуди зоҳирии ҷомеаи шаҳрвандӣ шумурда шаванд.
XS
SM
MD
LG