Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҳисор» - пешсафи тимҳои лигаи аввал


Се бозии даври навбатии мусобиқаи тимҳои лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуд. «Апрелёвка»-и Қайроққум дар майдони худ аз тими «Ҳосилот»-и Данғара бо натиҷаи 0 бар 1 шикаст хӯрд. «Баракат»-и Шаҳринав низ аз дастаи меҳмон - «Ҷавонӣ»-и Ваҳдат бо натиҷаи 2 бар 4 мағлуб гашт.Дидори «Ҳулбук»-и Восеъ бо тими меҳмон - «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.
Ба ин тартиб дастаи «Ҳисор»-и Ҳисор бо 17 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал аст.Тими «Энергетик»-и Душанбе бо 14 имтиёз ҷойи дуввумро ишғол мекунад. Дастаи «Гвардия»-и Душанбе бо 13 имтиёз дар ҷойи севвум қарор гирифтааст.
Худойдод Нусратов, бозигари тими «Ҳисор», ки ҳамагӣ 9 гол задааст, дар сабқати беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал мебошад.
Дар се бозии охирини давраи аввали мусобиқот, ки рӯзи якшанбеи 9 июл баргузор мешавад, «Ҳисор» бо «Ҳосилот», «Энергетик» бо «Баракат» ва «Гвардия» бо «Ҷавонӣ» рақобат мекунанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 9 июл
1. «Ҳисор» 7 бозӣ 17 имтиёз
2. «Энергетик» 7 14
3. «Гвардия» 7 13
4. «Апрелёвка» 8 12
5. «Ҳулбук» 8 10
6. «Ҳосилот» 7 9
7. «Ҷавонӣ» 7 8
8. «Баракат» 7 8
9. «Зарафшон» 8 0
XS
SM
MD
LG