Пайвандҳои дастрасӣ

ИЖТ дубора расман фаъол шуд


Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон пас як вақфаи кӯтоҳ дубора ҳаққи фаъолияти расмиро дарёфт кардааст. Акбари Саттор - раиси тозамунтахаби Итттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, азсаргирии фаъолияти дубораи Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон ахиран дар пайи судури ҳукми додгоҳи ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе имконпазир шудааст. Ҳудуди ду моҳ пеш вазорати адлияи Тоҷикистон зимни эъломи ҳушдори расмӣ Иттиҳоди журналистони Тоҷикистонро ба фаъолияти, аз нигоҳи ин вазорат, муғойир бо қонунҳои кишвар муттаҳам кард ва баъдан додгоҳи ноҳияи Сомонии шаҳри Душанбе расман дар мавриди тавқифи фаъолияти Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон тасмим гирифт. Ба гуфтаи Акбари Саттор - раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, созмони мазкур бо ироаи асноди зарурӣ ва татбиқи фаъолиятҳои худ бо муқаррароти қонунгузорӣ дубора аз сӯи вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуд. Бар асоси сабти номи дубораи ИЖТ, ҳукми тавқифи фаъолияти он беэътибор шудааст. Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон афзуд, ин созмон талош хоҳад кард дар оянда қонунҳои кишварро нақз накунад. Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба унвони як созмони иҷтимоъӣ дар даврони шуравӣ таъсис шуд ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 1500 нафар рӯзноманигор расман узвияти онро доранд.
XS
SM
MD
LG