Пайвандҳои дастрасӣ

Довталаби аввали Ҷоми ҷаҳонии футбол маълум шуд


Тими Итолиё барои дарёфти Ҷоми ҷаҳонии футбол гоми ҷиддӣ ниҳод: ин даста шоми сешанбе (4 июл) дар бозии ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ бар дастаи Олмон пирӯз шуд. Бозӣ дар варзишгоҳи шаҳри Дортмунд сурат гирифт. Бахши аслии бозӣ бо ҳисоби мусовӣ - ҳич бар ҳич анҷом ёфт. То лаҳзаҳои охири вақти изофӣ низ бештари мухлисон мутмаин буданд, ки ғолиб баъд аз зарбаҳои ҷаримаӣ муъайян хоҳад шуд. Ва аммо дар охири вақти изофӣ Фабио Гроссо ва Алесандро Дел Пиеро - бозикунони дастаи Итолиё муваффақ шуданд бо фосилае кӯтоҳ ба дарвозаи тими Олмон ду тӯб ворид кунанд. Рӯзи чаҳоршанбе (5 июл) дар бозии дигари ниманиҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Фаронса ва Пуртуғол довталаби дуввуми Ҷоми ҷаҳонии футбол маълум хоҳад шуд. Тими Олмон акнун метавонад фақат ба дарёфти нишони биринҷии мусобиқот ва мақоми севвуми он умед бибандад, аммон он ҳам талош мехоҳад.
XS
SM
MD
LG