Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори фиристодаи СММ аз Донишгоҳи исломии Тоҷикистон


со

Нафис Содиқ, фиристодаи вижаи Дабири кулли Созмони милали муттаҳид (СММ) дар масоили HIV/AIDS (ВИЧ/СПИД), дар дидораш бо устодон ва шогирдони Донишгоҳи исломии Имом Тирмизии Тоҷикистон, нақши динро дар ҷилавгирӣ аз ин бемории маргбор муҳим ва муассир арзёбӣ кард. Вай гуфт, уламои дин ва ниҳодҳои мазҳабӣ метавонанд аз хатар ва паёмадҳои мудҳиши ин беморӣ мардумро огоҳтар кунанд. Абдулҷалол Ализода, раиси Донишгоҳи исломӣ, дар бораи барномаҳое, ки аз сӯи уламои ислом дар ростои боло бурдани огоҳии мардум ва ҷилавгирӣ аз густариши вируси ЭЙДЗ дар ҷомеъаи Тоҷикистон таҳия шудааст, иттилоъ дод. Сафари кории хонум Содиқ, фиристодаи вижаи Дабири кулли СММ дар масоили Эйч-Ай-Ви/ЭЙДЗ дар манотиқи Осиё ва Уқёнусия, дар Тоҷикистон то ҳаштуми июл идома хоҳад ёфт. Қарор аст вай зимни мулоқот бо мақомоти баландпояи ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои занон, намояндагони ниҳодҳои беҳдоштӣ роҳҳои беҳтари татбиқи Муъоҳидаи байнулмилалии пешгирӣ аз густариши вируси ЭЙДЗ дар кишварро баррасӣ кунад. Нафис Содиқ ҳамчунин дар Ҳамоиши ҳамкорӣ барои ҷилавгирӣ аз густриши вируси ЭЙДЗ, ки дар охири ҳамин ҳафта дар Душанбе баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG