Пайвандҳои дастрасӣ

Рубли русӣ: Рӯ ба озодӣ


Давлати Русия ахиран бо судури як қарор охирин мониаҳоро аз роҳи муомилоти озод бо рубл, пули муллии ин кишварро бардошт ва роҳро барои табдили рубл ба пули қобили табдилу тасъир ё худ қобили конвертация ҳамвор кард. Ибтидо қарор буд, раванди қобили табдили озод гардондани рубли русӣ то поёни соли ҷорӣ анҷом ёбад, вале бо дастури президент Владимир Путин қарор шуда, ки ин кор аз 1 июли ҳамин сол сурат бигирад. Александр Жуков, муовини сарвазири Русия гуфтааст, дастовардҳои макроиқтисодии кишвар, аз ҷумла ба наздики 250 миллиард доллар расидани захираи асъори Русия, қурби собити рубл, тавозуни будҷа, коҳитши қарзи хориҷии Маскав ва афзоиши вуруди сармояи хориҷӣ ба Русия назар ба хуруҷи сармояи маҳаллӣ ба хориҷ чунин имкон ва шароитро барои табдили рубл ба пули қобили конвертация фароҳам сохтаанд.


Фарҳанги истилоҳот


Пули қобили табдил ё худ қобили конвертация - асъорест ки ба таври озод ва бидуни маҳдудият бо соъири асъори хориҷӣ табдилу таъвиз мешавад ва кишвар дар роҳи истифодаи пули миллиаш мониае намегузорад ва қурби пулашро бар асоси шароити талабот ва пешниҳодот дар бозори пул таъйин мекунад. Муҳимтарин муомилот дар бозорҳои байналмилалӣ бо асъори қобили конвертация сурат мегиранд.



Мақомоти Маскав мегӯянд, албатта, қарори ҳукумат рублро баякборагӣ қобили рақобат бо доллару евро ва соъир асъори муҳими ҷаҳонӣ намегардонад, вале батадриҷ метавон ҳам эътимоди бонкҳои хориҷӣ ба рублро ба даст овард ва муваффақ шуд, ки хориҷиҳо сармояи худро дар суратҳисобҳои рублӣ низ бигузоранд. Русия аз ҷумла мехоҳад ба хотири расидан ба ин ҳадаф харидуфурӯши нафту газу тилояш дар биржаҳои Маскав бо рубли русӣ ҳам роҳ биандозад.

Андерс Аслунд, коршиноси Пажуӯҳишгоҳи Иқтисоди Байналмилалӣ, мақараш дар Вошингтон мегӯяд, рубли русӣ то имрӯз ҳам як андоза қобили табдил буд, вале сар аз 1 июл қаламрави табдили озодаш хеле фарохтар хоҳад шуд: "Ин ба маънии якбора ҳампои доллар ва соъир асъори байналмилалӣ шудани рубл нест. Ин ба маънии камтар шудани муқаррароти зиёдест, ки дар роҳи муомилот вуҷуд дошт."

Бар асоси шароити нави муомилот бо рубли русӣ, атбоъи хориҷӣ ҳаққ пайдо мекунанд дар бонкҳо суратҳисобҳои рублӣ боз кунанд. Маршалл Голдман, аз маркази Дейвиси Доншгоҳи Ҳарварди Амрико бо ин ҳол, боло рафтани нархи нафт дар бозори ҷаҳониро як мувҷиби аслии даст ба табдили озоди пули миллиаш задани Русия медонад ва мегӯяд: "Онҳо феълан севвумин захираи бузургтарини асъори хориҷиву тилои ҷаҳонро дар ихтиёр доранд. Ин як нуқтаи чархиши боварнокарданист. Ин пеш аз ҳама, натиҷаи ҳамоно дар ҳудуди 70 доллар чарх задани нархи бушкаи нафт аст ва Русия, қарори маълум, дуввумин тавлидкунанда ва содиркунандаи бузурги нафти ҷаҳон ба шумор меравад."

Ба назари коршиносони рус, батадриҷ ва дар давоми беш аз 3 сол анҷом шудани ҷараёни табдили рубл ба пули қобили конвертация бисёре аз омилҳои хатарзо барои пули миллии Русияро аз байн бурдааст, вале чолишҳое дар ин миён боқӣ мемонанд, ки умдатаринаш хатари хуруҷи сармояи бештар аз Русия дар пайи боз шудани марзҳои арзии кишвар аст. Ва аммо рубл аз як мавқеъи устувору муҳкам ба пули қобили табдили озод ё худ конвертация табдил мешавад. Тайи як соли гузашта қурби рубл дар баробари доллар беш аз 5 дарсад афзуда ва рӯзи ҷумъа, 30 август, нархи 1 доллар дар биржаи асъори Маскав барои нахустин бор дар чанд соли охир пойин аз 27 рубл шуд, ки аз сӯи мақомоти расмӣ ва маҳофили иқтисодии Русия, як фоли нек арзёбӣ мешавад.

Ва аммо аҳамияти ин қарори Маскав барои муҳоҷирини тоҷике, ки дар Русия асбоби зиндагӣ меҷӯянд, ин буда метавонад, ки бояд акнун қоидаҳои гумрукии он кишвар низ тағйир бипазиранд ва мавонеъи мавҷудаи гумрукӣ аз роҳи таҳвили пули русӣ ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ бардошта шаванд. Дар ҳоли ҳозир, шаҳрвандони хориҷӣ ҳаққ доранд маболиғи рублии муодили 3 000 доллари амрикоиро озодона ба хориҷ бароранд ва аммо барои маблағи аз ин болиғтар ҳамоно доштани хатти муҷавизи бонк ҳатмист.
XS
SM
MD
LG