Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари мақоми аршади СММ ба Тоҷикистон


Нафис Содиқ фиристодаи вижаи Дабири кулли СММ дар умури мубориза бо бемории Эйч-Ай-Вӣ ё Спид бо як сафари корӣ зӯҳри 3 июл вориди шаҳри Душанбе - пойтахти Тоҷикистон шудааст. Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Вазорати беҳдошти Тоҷикистон дар ҷараёни боздиди худ аз Тоҷикистон рӯзи душанбеи 3 июл Нафис Содиқ фиристодаи вижаи Дабири кулли СММ дар умури мубориза бо Спид бо раҳбари дафтари Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Уилям Пейтон мулоқот намуд. Ҳамчунин зимни ин сафар фардо мақоми аршади СММ бо Оқил Оқилов нахуст вазири Тоҷикистон як мулоқоти алоҳида доир менамояд. Қарор аст зимни ин дидор чӣ гунагии амалисозии бандҳои Эъломияи пойбандӣ ба мубориза алайҳи бемории Спид, ки Тоҷикистон низ зери он имзо гузоштааст ва ҳамчунин наҳваи иҷрои ҳадафҳои Барномаи ҳазора дар ин самт баррасӣ гардад.
Нафис Содиқ аснои боздиди худ аз Тоҷикистон ҳамчунин қарор аст дар як ҳамоиши вижа дар шаҳри Душанбе ширкат варзад. Ин ҳамоиш ба масоили марбут ба бемориии Спид ва роҳҳои муассири ҷилавгирӣ аз густариши он ихтисос дорад ва он панҷуми июли соли равон дар шаҳри Душанбе шурӯъ ба кор менамояд.
Гуфта мешавад дар ин ҳамоиш тарҳи нави барномаи стратегии давлати Тоҷикистон дар заминаи мубориза бо бемории Спид мавриди муҳокима қарор мегирад. Ин барнома, ки барои давраи то соли 2010 дар назар гирифта шудааст, тавассути кумисюни ҳамоҳангсози Вазорати беҳдошти Тоҷикистон таҳия шудааст.
XS
SM
MD
LG