Пайвандҳои дастрасӣ

Чаҳор даста - дар нимфинал


Ҳаждаҳумин давраи Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки 9 июн дар Олмон оғоз шуд, рӯзи якшанбеи 9 июл ба анҷом мерасад.
Аз 32 дастаи мунтахаби кишварҳои олам, ки дар ҳашт гурӯҳ дар варзишгоҳҳои 12 шаҳри Олмон рақобат карданд, 16 даста ба ҳаштякфинал роҳ ёфтанд. Баъдан ҳашт тими ғолиб ба бозиҳои чаҳорякфиналӣ баромаданд. Натоиҷи бозиҳои чаҳорякфиналӣ чунин аст:
Олмон - Аргентина - 1 : 1, аз рӯи пеналти 4 : 2
Италия - Украина - 3 : 0
Англия - Португалия - 0 0, аз рӯи пеналти 1 : 3
Бразилия - Фаронса - 0 : 1

Ҳамин тариқ Олмон, Италия, Португалия ва Фаронса ба нимфинал роҳхат гирифтанд:
4 июл, сешанбе Олмон - Италия
5 июл, чоршанбе Португалия - Фаронса
8 июл, шанбе Бозӣ барои ҷойи 3-юм
9 июл, якшанбе Бозии ниҳоӣ

Тими Олмон 7 бор ба финал баромада, се маротиба қаҳрамони ҷаҳон гаштааст: 1954 (Швейтсария) - Олмон - Венгрия - 3 : 2, 1974 (Олмон) - Олмон - Ҳолланд - 2 : 1, 1990 (Италия) - Олмон - Аргентина - 1 : 0.
Олмониҳо дар бозии ниҳоӣ чаҳор бор шикаст хӯрдаанд: 1966 ( Англия) - Олмон - Англия - 2 : 4, 1982 (Испания) - Олмон - Италия - 1 : 3, 1986 ( Мексика) - Олмон - Аргентина - 2 : 3, 2002 Корея - Ҷопон) - Олмон - Бразилия - 0 : 2.
Тими Италия 5 бор дар бозии ниҳоӣ ширкат карда, се маротиба пирӯз гаштааст: 1934 (Италия) - Италия -Чехословакия - 2 : 1 , 1938 (Фаронса) - Италия - Венгрия - 4 : 2, 1982 (Испания) - Италия - Олмон - 3 : 1. Ду бор мағлуб шудааст: 1970 (Мексика) - Италия - Бразилия - 1 : 4, 1994 (ИМА) - Италия - Бразилия - 0 : 0, аз рӯи пеналти 2 : 3.
Тими Фаронса ҳамагӣ як бор ба финал баромада, ғолиб омадааст: 1998 (Фаронса) - Фаронса - Бразилия - 3 : 0.
Тими Португалия баъди 40 сол боз ба нимфинал баромадааст.
Ба ин тариқ чаҳор тими қорраи Урупо муборизаро барои ба даст овардани Ҷоми ҷаҳонии футбол идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG