Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази минрӯбии Тоҷикистон соҳиби сагҳои минҷӯ шуд


Маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон дар пешбурди фаъолияти минрӯбии худ дар қаламрави ин кишвар аз ин баъд аз сагҳои махсуси тамрин дидаи минҷӯй истифода мекунад. Аз таъсиси Маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон ин бори аввал аст, ки дар иҷрои амалиёти минрӯбӣ ин марказ сагҳои минҷӯй мавриди истифода қарор медиҳад. Парвиз Мавлонқулов муовини раиси Маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт ахиран 12 саги минҷӯй тавассути як ҳавопаймои низомии фаронсавӣ аз Афғонистон ба ин марказ интиқол дода шудааст.Ин сагҳо ҳудуди чаҳор моҳ қабл бо кӯмаки молии Маркази созмони амнияту ҳамкории Аврупо аз Олмон барои Маркази миллии минрӯбии Тоҷикистон харидорӣ ва се моҳи ахир дар Маркази омодасозии сагҳои минҷӯйи Афғонистон тавассути гурӯҳи коршиносони тоҷику афғон омӯзиш дода шуданд.Ҳазинаи харидорӣ ва омодасозии сагҳо 78 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва ин маблағ аз сӯи САҲУ пардохт шудааст.
Моҳи апрели соли равон бо кӯмаки молии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо барои аввалин бор дар Тоҷикистон як маркази вижаи омодасозии сагҳои минҷӯй таъсис дода шуд. Барои бунёди он САҲУ 64 ҳазор долари амрикоӣ ихтисос дод.
Маркази минрӯбии Тоҷикистон мегӯяд сагҳои минҷӯй пас аз давраи кӯтоҳи татбиқӣ тавассути чаҳор гурӯҳи безарсоз бевосита ба амалиёти поксозии майдонҳои минкорӣ шуда сафарбар карда мешаванд. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад шурӯъ аз якуми июли соли ҷорӣ ду гурӯҳи Маркази минрӯбии Тоҷикистон дар ҳудуди деҳаи Шули ноҳия Рашт ба амалиёти поксозии манотиқи минкорӣ шуда шурӯъ намуданд.
Аз ин қабл як гурӯҳи дигари маркази мазкур дар минтақаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷ амалиёти барчидани минҳоро оғоз намуда буд.
XS
SM
MD
LG