Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷангу сулҳ дар қиболи фарҳангу андеша


Руҷӯъе ба торих

Имзои тавофуқномаи ниҳоии сулҳи тоҷиконро Борис Елтсин, раисиҷумҳурии вақти Русия эълом кард ва иштибоҳан "оппозисюн"-и тоҷикро "композисиюн" гуфт. Аммо ин лағзиши кӯчак аслан ва абадан муҳим набуд. Чаро ки дар паи имзои ҳамон коғаз нуҳ сол пеш дуди милаҳои аслиҳа дар Тоҷикистон фурӯ нишаст, албатта ба дунболи он ки оташи хашму кинаи тарафҳои даргир алайҳи якдигар то андозае фурӯ нишаста буд. Мову шумо меваи сулҳу оромиш дар Тоҷикистонро бедиранг нӯш накардем. Истиқрори тамому комили суботу оромиш шикебоию сабри бештар мехост, аз так-таки мардуми кишвар ва он чи имрӯз дар Тоҷикистон ба унвони "сулҳу оромиш" тавсиф мешавад, дар воқеъ, натиҷаи ҳамон сабру шикебоии шумост. Пас бори дигар, дуруд бар шумо!

Аммо чаро ин ҷо?

Чаро ин мавзӯъро дар барномаи Фарҳангу Андеша матраҳ мекунем? Чаро ки ҳар ҷангу сулҳе дар ҳар ҷомеъае аз ҷавомеъи башарӣ ба ночор паёмадҳои фарҳангӣ ҳам ба бор меоварад. Имрӯз ба баррасии ҳамин паёмадҳо хоҳем нишаст ва хоҳем санҷид, ки ҷанги панҷсола ва сулҳи, ба қавли устод Лоиқ, деринтизор рӯи фарҳанги мо, тоҷикон чи таъсире гузошт ва оё мо ҳам ба монанди дигар ҷомеъаҳои даргири ҷангу ошӯб шоҳиди пайдоиши адабиёти муқовимат будем ё на.

Донандагони мавзӯъ мегӯянд, ки ҷанг дар баробари сӯзандагиҳои ошкори физикиаш тағйироти фаровони пӯшидае ҳам дар пай дорад, ки шояд баъдан ба даркаш бирасем. Барои намуна, аз Вил Дуронт, устоди фалсафаи қарни бисти Омрико бишнавем, ки чи гуна бархе аз таҳаввулоти ношӣ аз ҷанги ҷаҳонии аввалро тавсиф мекунад:

"Охирин омили муҳимми тағйири ахлоқ ҷанги аввали ҷаҳонист. Дар паи ин ҷанг одат ва ҳамкорию мусолимат, ки бо саноеъ ва тиҷорат рушд ёфта буд, аз миён рафт. Ҷанг мардонро ба хушунат ва фаҳшо муътод сохт ва ҳазорон нафар, ки пас аз поёни ҷанг ба хона баргаштанд, ватани худро маркази сирояти ин гуна амрози иҷтимоъӣ қарор доданд. Дар натиҷаи куштори кӯркӯрона қимати ҳаёт коҳиш ёфт ва бемориҳои рӯҳӣ ва дастаҳои табаҳкор пайдо шуд. Милюнҳо мардум ақида ба инояти илоҳиро аз даст доданд ва иттико ба ақоиди динӣ аз замирҳо рахт барбаст. Пас аз поёни ҷанг ва давраи идеолизм насле пайдо шуд, ки орзуҳо ва руъёҳоро аз даст дода ва ба беиффатию бадахлоқии густохона ва асолати фард гароидааст. Давлатҳо аз мардум ҷудо шудаанд ва табақот низоъи худро аз сар гирифтаанд ва саноеъ, бидуни ин ки манофеъи умумиро мулоҳиза кунанд, фақат суди худро дар назар гирифтаанд".

Аммо солҳои 1992 1997 дар Тоҷикистон моро дастхуши чи таҳаввулоти фарҳангӣ ва иҷтимоъӣ кард? Посух ба ин пурсиш андеша мехоҳад аз андешамандон.

Таърифи "ҷанг" ва "сулҳ"

Аслан "ҷанг" чист? Дақиқтарин таърифи ҷанг набуди сулҳу оромиш аст. Дар ҳоле ки роиҷтарин таъриф аз мафҳуми сулҳ ҳамоно фуқдон ё набуди ҷангу пархош аст ва инро метавон дар ҳамаи донишномаҳо ва фарҳангҳои луғот дид. Аммо Марион Дейн Бауер, нависандаи омрикоии китобҳои зиддиҷангӣ бо ин таърифи хушку холӣ чандон мувофиқ нест ва мегӯяд:

"Сулҳ ғайрифаъъол ва пассив нест. Сулҳ фақат ба маънии набуди хушунат ва набуди ҷанг нест. Сулҳ шеваи фаъъол, қобили давом ва умедворкунандаи зиндагист. Сулҳ аз умдатарин омилҳои умедворист".

Мафҳуми сулҳро касе бо пӯсту устухонаш дарк мекунад, ки ҷангро дида бошад. Ба монанди бисёре аз шумо, азизон. Як фарди ҷангнадида чи медонад, ки сулҳ неъмати беҳамтоест. Ҳамин сулҳ аст, ки ба мо имрӯз маҷол дода, то ба мӯшикофии ҷанг ва паёмадҳои фарҳангию иҷтимоъии он дар Тоҷикистон бипардозем. Ба монанди Имомназар Холназар, нависанда ва андешаманди тоҷик, ки дар марҳилае аз музокироти сулҳи тоҷикон низ дар он рӯзгори пурҳодиса ширкат дошта:

"Охир, ҳар шикаст дар пай бароре дорад.Ҳар суқут эҳё шудане дорад. Ба ёд биёрем рушди мағлубони Ҷанги ҷаҳонии дуввум Олмон ва Жопунро. Аммо дар фарҳангу адаби нимаҷони тоҷик таҳаввулоте нашуд. Мо барои худ ибрате нагирифтем, ҳушёр нашудем, бедор нашудем. Дар 15-20 соли охир дар фарҳангу адаби мо асари кироие пайдо нашуд... Имрӯз аз ҳар кӯчаву тангкӯчаи Тоҷикистон ҳамроҳ бо бӯи фақру бенавоӣ "ура-ура"-ву "зиндабод"-гӯиҳои адибон ба гӯш мерасад, ки хеле нафратовар аст. Бояд гуфт, ки бисёре аз асарҳои асил баъд аз фоҷеъаҳои бузург иҷод шудаанд. Ба ёд биёрем "Дони ором"-и нависандаи бузург Шолоховро, ки мавзӯъаш ҷанги шаҳрвандӣ дар Русия аст. Барои ҳама равшан аст, ки ин шоҳкор бо ҷоизаи Нубел тақдир шуд ва то кунан хонандагони зиёде дорад. Дар Тоҷикистони мо ҳам дар мавзӯъи ҷанги шаҳрвандӣ китобҳои зиёд чоп шуданд, вале ҳама хотираву ҳақоратнома аст. Қаҳрамонони мусбати аксари ин китобҳо худи муаллифони онҳоанд. Дигарон ҳама қаҳрамонони манфӣ. Дар ин миён чанд асар мустасност, ки доғи ҷангр дар ҷигари мардумро воқеъан ҳам хуб эҳсос кардааст: "Фарёди бефарёдрас"-и устод Лоиқ, шеърҳои ҷудогонаи устод Бозор, китоби мансури Гулрухсор "Зан ва ҷанг".

Пас, ин осорро метавон ба гунае адабиёти муқовимат унвон кард.

Адабу ҳунари муқовимат

Адабиёт ва мусиқии муқовимат чизест, ки дар паи инқилобу ошӯбу ҷанг дар ҷавомеъи мухталиф шакл мегирад ва бештар накӯҳандаи ҷанг аст, яъне алайҳи ҷанг эътироз мекунад. Оё тоҷикҳо ҳам тайи панҷ соли муҳоҷират дар Афғонистон муваффақ ба иҷоди адабиёт ва мусиқии муқовимат шуданд? Некварз, рӯзноманигори тоҷики муқими Ирон ба ин пурсиш мусбат дод ва ёде аз Султони Ҳамад, пажӯҳишгари тоҷик кард, ки ба гуфтаи вай, рубоъиётеро зери унвони "Дубайтиҳои Лаби дарёи Омӯ" ҷамъоварӣ ва иншо карда буд.

Фарҳангу Андешаи родю Озодӣ дар тамосе зинда бо Султони Ҳамад аз ӯ шарҳи моҷароро ҷӯё шуд ва чанд дубайтии ӯро низ шунид. Аз ҷумла:

Лаби дарёи Омӯ дар найистон
Расид оташ, фиғоне шуд хурӯшон.
Шикоят аз ҷудоиҳо баромад,
Ҳикоят аз азиятҳои инсон.

Лаби дарёи Омӯ вой аз ной,
Биёмезад ҳаме бо нолаву ҳой.
Ба гӯшам мерасад танҳо садое,
Ватан войу Ватан войу Ватан вой!

Дар канори адабиёти муқовимат дар миёни тоҷикон мусиқии муқовимат низ шакл гирифта буд, ки нахустини он "Аз хоби гарон хез"-и Иқбол ва сипас оҳангҳои сохта дар урдугоҳҳои паноҳандагони тоҷик дар Афғонистон буд.

Ва чи зебо гуфтааст, Марион Дейн Бауэр, нависандаи омрикоӣ:

"Мо бояд ба сулҳ имон оварем ва бо сулҳ зиндагӣ кунем. Ва агар мо ҳамарӯза сулҳро дар клосҳои дарс ба кӯдакон таълим бидиҳем ва дар хонаҳои худ аз сулҳ бигӯем, қодир ба тағйири ҷаҳон хоҳем буд. Якояки қалбҳоро дигаргун хоҳем сохт".

Ва эй кош азмобеҳтарони ҷаҳон ҳам ба дарки ин ҳақиқат бирасанд, то оташи ҷанг дар саросари ҷаҳон хомӯш шавад ва заминаро барои шукуфоии фарҳангу андеша фароҳам созад. Чун бештар иродаи дорандагони қудрат аст, ки миллатҳоро ба ҷанг ё сулҳ савқ медиҳад.

Бо ҳамин умеди накӯ, то фурсате дигар падруд!
XS
SM
MD
LG