Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳалли боздошти як паноҳандаи узбак ошкор шуд


DR

Сезар Дюбон - раиси намояндагии Комисериёи олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар Қазоқистон рӯзи 30 июн дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки паноҳандаи узбак Абдурафиқ Темурбоев, ки чанде пеш аз сӯи ашхоси номаълум рабуда шуда буд, ҳамакнун дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон қарор дорад. Ин иттилоъро дар суҳбате телефонӣ ба оқои Дюбон намояндаи вазорати хориҷаи Қазоқистон додааст. Дар ҳамин хол, ба гуфтаи оқои Дюбон Комисериёи олии СММ дар умури паноҳандагон аз Қазоқистон расман дархост кардааст, ки бо паноҳандаи узбак Темурбоев мулоқот намояд ва аз ҳолу шароити боздошти вай воқиф шавад. Вале то кунун ҷониби Қазоқистон ба ин дархост ҷавобе надодааст.Оқои Дюбон изҳори нигаронӣ ва таассуф кард, ки аз рӯзи боздошти Темурбоев ҳарчанд шаш рӯз сипарӣ шудааст, вале дар ин муддат ҷониби Қазоқистон ба онҳо дар бораи маҳалли нигаҳдошт ва аҳволи паноҳанда иттилоъе надод. Ҳамчунин дар номаи хеш Комисериёи олии паноҳандагон дархост кардааст, ки бо мақомоти кишвар мулоқоте дошта бошад, то сабабҳои боздошти Абдурафиқ Темурбоевро рӯшан намоянд. Ба гуфтаи оқои Дюбон, чун Комисериёи олии СММ дар умури паноҳандагон ба Темурбоев мақоми паноҳандагӣ додааст, ин маънии онро дорад, ки вай бегуноҳ аст. Оқои Дюбон ҳамчунин аз ҳоли аҳли хонаводаи Темурбоев маълумот дода гуфт, ки чанде қабл бо онҳо дидор доштааст. Ҳамсари Темурбоев, ки ба тозагӣ фарзанди дуюмашро ба дунё овардааст, дар бораи рабуда шудани шавҳараш басе ғамгину шикастадил буда ва азоби рӯҳӣ мекашад.
Насибҷони Амонӣ, аз Олмотӣ
XS
SM
MD
LG