Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони қирғиз ду чӯпони узбакро захмӣ кардаанд


Мақомот дар Тошканд мегӯянд, ки марзбонони қирғиз имрӯз (30 июн) ба таври ғайримуҷоз вориди Узбакистон шуда ва ду чӯпони узбакро ба зарби гулула задаанд. Дар тафсире, ки дар як сомонаи интернетии хабарии тарафдори давлати Узбакистон мунташир шуда, бо истинод ба як сухангӯи Кумитаи марзбонии Узбакистон омадааст, ки ин ҳодиса дар минтақаи Фарғона рух додааст. Ба гуфтаи ин сухангӯ, захмҳои ҳар ду чӯпон чандон вахим нест. Хабаргузории расмии Қирғизистон "Хабар" тарафи Узбакистонро дар ин ҳодиса муқассир донистааст. Ба гуфтаи ин хабаргузорӣ, вуруди чӯпонҳо ба хоки Қирғизистон ғайримуҷоз будааст ва онҳо дар посух ба ҳушдорҳои марзбонони қирғиз ба самти онҳо санг партоб кардаанд. Бо таваҷҷуҳ ба адами аломатгузории дақиқи марзҳо дар Осиёи Миёна ин гуна ҳодисаҳои марзӣ як амри маъмулӣ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG