Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари тими футбол ба Қазоқистон ва пирӯзии муштзанон


Тими миллии футболи Тоҷикистон барои ширкат дар бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби Қазоқистон ба шаҳри Алмаато сафар кардааст. Шариф Назаров, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, баъд аз пайвастани Федеросиюни футболи Қазоқистон ба Созмони футболи Урупо ин нахустин дидори футболбозони тоҷику қазоқ аст, ки рӯзи якшанбе, 2 июл баргузор хоҳад шуд. Вай афзуд, ҳайъати тими миллӣ аз бозигарони бошгоҳҳои футболи кишвар иборат аст, легионерҳо нестанд ва аслан инҳо бозигарони пуртаҷрибаанд, ки имсол барандаи Ҷоми даъвати Конфедератсиюни футболи Осиё шудаанд.

Ва як хабар барои мухлисони бокс. Мусобиқоти кушодаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии тими пойтахти ин кишвар поён ёфт. Тими миллии бокси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба мақоми ноиби қаҳрамонии мусобиқот ноил шуд. Бино ба иттилоъи Абдуррашид Муҳаммадҷонов, сардовари ин мусобиқот дар рақобатҳо 92 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшони Кӯҳӣ, шаҳри Душанбе, ҳамчунин тими Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шумули 16 варзишкор ширкат карданд. Ба рақобатҳои ниҳоӣ 13 муштзани тоҷик ва 9 эронӣ роҳ ёфтанд. Ҳафт нафар аз Тоҷикистон ва чаҳор нафар аз Эрон унвони қаҳрамонӣ ва медали тилои ин мусобиқотро соҳиб шуданд. Шаш намояндаи Тоҷикистон ва панҷ эронӣ медали нуқра гирифтанд. Варзишгарони Тоҷикистон Эмомалӣ Маллаев дар вазни 48 кило, Анвар Юнусов дар вазни 51 кило, Шодӣ Холов дар вазни 54 кило, Маъруф Файзуллоев дар вазни 60 кило, Шералӣ Муҳаммадалиев дар вазни 69 кило, Константин Мокроусов дар вазни 91 кило ва Фирдавс Солеҳов дар вазни беш аз 91 кило, аз тими Эрон - Фурӯтани Гулоро дар вазни 57 кило, Ҳумани Каримӣ дар вазни 64 кило, Ҳумоюни Амирӣ дар вазни 75 кило ва Меҳдии Қарёнӣ дар вазни 81 кило мақоми аввалро касб карда, соҳиби медали тилои мусобиқот шуданд.

Дар маросими ниҳоии ин мусобиқот Носир Сармадии Порсо, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, Сулаймон Абдулвоҳидов, раиси кумитаи тарбияти бадан ва варзиши Тоҷикистон ва Баҳрулло Раҷабалиев, раиси кумитаи миллии олимпики Тоҷикистон ҳузур доштанд.
XS
SM
MD
LG