Пайвандҳои дастрасӣ

Суруди Дариға, духтари президент


шаҳри Алмаато Дариға Назарбоева, раиси Ҳизби сиёсии «Асар» ( Ҳашар) ва узви порлумони Қазоқистон ба ҷуз фаъолияти сиесӣ дар риштаи овозхонӣ низ қувва меозмояд. Вале оё таронаҳои духтари президентро мардум чӣ гуна мепазирад?

Ба гуфтаи Татяна Лаврик, рӯзноманигор ва санъатшинос, вай ҳанӯз аз овони мактабхонӣ ба ҳунар ва мусиқӣ шавқ дошт, вале ба таври ҷиддӣ танҳо дар охири солҳои 90-ум ба овозхонӣ машғул шуд. Вай аввал аз овозхони саршинос Надия Шарифова дар Қазоқистон ва сипас аз ҳунарманди маъруф Марио Мелани дар Итолиё нозукиҳои ин ҳунарро омӯхт. Ба гуфтаи Лаврик ба ҷуз ин омӯзишҳо ду омили дигар ба ҳунари овозхонии вай таъсири амиқ гузошт. Омили аввал муҳити хонаводагист. Хонум Лаврик мегӯяд, дар хонаводаи Дариға ҳама ба мусиқӣ ва овозхонӣ рағбати беандоза доранд. Падараш Нурсултон Назарбоев ва модараш Сара Назарбоева таронаҳои мардумиро дӯст медоранд ва борҳо дар маҳфилҳои оилавӣ овозхонӣ кардаанд. Хоҳараш Алия низ овозхониро дӯст медорад ва дар чашнвораи гузаштаи « Алмаато шаҳри дӯстдоштаи ман» овозхонӣ кард. Омили дигар ба андешаи хонум Лаврик забондонӣ ва ошноӣ бо фарҳанги кишварҳои гуногун аст. Дариға Назарбоева ба ҷуз забонҳои қазоқиву русӣ ҳамчунин англисиву итолиевӣ ва фаронсавиро медонад. Ва бо ин забонҳо тарона мехонад.
Вале дар барномаи ӯ таронахои русӣ ва ба вижа таронаҳо дар мавзӯъҳои ҳарбӣ мавқеи калон доранд. Вай ҳатто бо консерти вижа дар яке аз толорҳои Театри бузурги Маскав ҳунар намуд.
Аммо оҳангҳои қазоқӣ, ба гуфтаи Татяна Лаврик, албатта, дар барномаи консертии Дариға Назарбоева мақоми хос доранд ва аз ҳама бештар ӯ ба таронаҳои мардумии қазоқӣ таваҷҷӯҳ дорад.
Ҳоло ду албоми таронаҳои Дариға омода гардидааст. Ҳар сол бо ибтикор ва пуштибонии молии ӯ ҷашнвораи мусиқии « Алмаато шаҳри дӯстдоштаи ман" доир мешавад, ки дар он дар қатори дигар овозхонҳо худи Дариға низ ҳунар менамояд. Ба гуфтаи хонум Лаврик Дариға, ки сиёсатмадор ва раиси як ҳизб, сарвари ширкати телевизионии Хабар, раиси Шӯрои созмондеҳи Медиафоруми Авруосиё ва доктори улуми сиёсист, бо ҳама масруфиятҳо боз ба овозхонӣ вақт меёбад, ки ин басо шигифтовар аст. Шоҳимардон Абилов, ҳунарманди шоистаи Қазоқистон ва профессори Донишгоҳи мусиқии ин кишвар, ба маҳорати овозхонии Дариға Назарбоева баҳои баланд дода, мегӯяд, ки ба ҳунари мусиқӣ ва овоз дилбастагӣ доштани сиесатмадорон имкон медиханд, ки онон ба рушди ҳунар дар кишвар бештар таваҷҷӯҳ кунанд. Вале ба андешаи коргардони театр Булот Атобоев Дариға овозхони ҳирфаӣ нест. Аз ин рӯ дар барномаи вай ҳам оҳангҳои хуб ва ҳам таронаҳои на он қадар дилчасп ҷой доранд. Дар ҳар сурат, ба гуфтаи окои Атобоев, Дариға Назарбоеваро дар Қазоқистон чун овозхон мешиносанд, зеро ҳамеша дар шабакаҳои гуногуни телевизионии кишвар таронаҳои ӯро батакрор мешунавонанд. Ба қавли Атобоев, имкониятҳои фаровони молӣ ва мавқеи хонаводагӣ ӯро овозхони миёнаҳол кардааст. Вале дар ҳар сурат, ман ба ӯ эҳтиром дорам, зеро шуғли дӯстдошта дорад ва овозхониро чун василаи ғановатмандии ҷаҳони маънавии хеш истифода мекунад, мегуяд Булот Атобоев. Дар робита ба маҳбубияти байни мардуми кишвар, табиист, ки Дариға Назарбоева дар сафи ҳунармандони маъруф ҷой гирифта наметавонад. Ва чун вай ҳунарманди ҳирфаӣ нест, даст ёфтанаш ба чунин эътироф мушкил аст, иброз медорад Булот Атобоев, коргардони театр.
XS
SM
MD
LG