Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи "Озмуни радиои Озодӣ"


Аз Озодӣ: Азизон, танҳо гумон задани барандаи мусобиқот кофӣ нест. Ҳамон гуна ки дар шарти озмун омадааст, пешгӯии шумо бояд шомили ҳам барандаи бозии ниҳоӣ ва ҳам натиҷаи он бозӣ бошад. Ҳанӯз фурсат доред ва ҷоизаи мо ҳам мунтазири соҳибаш аст.
----------------------------------

Барандаи Ҷоми ҷахонӣ - дастаи мунтахаби Пуртуғол бо ҳисоби 2х1 бар дастаи Итолиё!
Ҷонфидо
----------------------------------

Дар бозии ниҳоӣ дастаи Итолиё бо дастаи Фаронса ба ҳам меоянд ва ғалаба насиби Фаронса мешавад. Дастаи мунтахаби Фаронса дастаи Итолиёро 2 ба 1 бурд карда, соҳиби Ҷоми ҷаҳонии 2006 хоҳад шуд.
Алишер
----------------------------------

Ҷуз Худованди азза ва ҷалла каси дигар ҳисоби дақиқи бозии ниҳоиро нахохад донист. Ба ҳар ҳол, тахмини банда (пешгӯиям!!) рост баромад: Бразилу Олмон баранда нахоҳанд шуд. Ва инак дар бозии финоли ду титан: Пуртуғол ва Итолиё ҳисоби бозӣ аз рӯи ҷаримаҳои ёздаҳметрии баъд аз бозӣ 5 бар 4 ба нафъи Пуртуғол.
Хилватшо
----------------------------------

Салом. Шарманда шудам, шарманда. Аз ман хеч фолбин набаромад. Акнун бори сеюм пешгӯӣ мекунам. Агар ин бор ҳам хато кунам, дигар хеч гоҳ пешгӯӣ нахоҳам кард. Ба фикрам, дар бозии ниҳоӣ тими Фаронса бо Итолиё дидор хоҳад кард ва бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб хоҳад шуд.
Маҳмадраҳим
----------------------------------

Ман фикр мекунам, Олмон барандаи Ҷоми Ҷаҳонӣ хоҳад шуд.
Амиршоҳ
----------------------------------

Бо арзи салом. Ҷоми Ҷаҳонии футбол насиби Фаронса хоҳад шуд.
Субҳон
----------------------------------

Салом. Ман пешгӯӣ карда будам, ки тими Бразил ғолиб меояд, вале хато кардам. Боз як пешгӯии дигар мекунам. Ба фикрам, қаҳрамони ҷаҳон тими Олмон хоҳад шуд. Дар бозии ниҳоӣ, ба фикри ман, тими Олмон бо тими Фаронса рақобат хоҳад кард.
Маҳмадраҳим
-----------------------------------

Ман фикр мекунам, ки Фаронса пирӯзиро ба даст хоҳад овард.
Комилхон
------------------------------------

Дӯстони гиромӣ, ба фикрам шумо боз маро нафаҳмидед. Мунтахаби футболи Олмон умуман ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ намеёбад. Худ намедонам аз куҷо ин қадар боварӣ. Ба ҳар сурат, гапи ман якто... (шӯхӣ мекунам, дӯстони азиз). Аслан ман аз аввал тими дӯстдоштаам Пуртуғолро мухлисӣ дорам. Боварӣ ҳам ҳаст, ки ин даста ғолиб мешавад.
Шавик
------------------------------------

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонӣ дастаҳои Олмон ва Фаронса бо ҳам меоянд ва дастаи Олмон бар дастаи Фаронса ғолиб мешавад.
Алӣ аз Истаравшан
-------------------------------------

Олмон ва Португол ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфта, давоми 120 дақиқа ғолиб номуайян боқӣ мемонад.(Манзурам 45+45 дақиқаи асосӣ ва 15+15 дақиқаи иловагист).Пас аз зарбаҳои ёздаҳметра тими миллии Олмон 4 бар 3 ғалаба мекунад. Аммо ман мухлиси немисҳо нестам, Брозилро мухлисӣ доштам, дареғо....
Хайр, Худо ҳофиз!
Маҳмудзода
-------------------------------------
Салом!
Ман сокини шаҳри Душанбе ҳастам ва назари ман ин аст, ки тими Фаронса барандаи ҷом мешавад.
Бо ташаккур аз шумо ва ҳамкоронатон.
Саидҷон
-------------------------------------

Тими Фаронса бо Олмон дар финал қувваозмоӣ мекунанд. Ман худ мухлиси тими Фаронса ҳастам, лекин дар финал бо ҳисоби 2-1 тими Олмон ғалаба мекунад.
Мухлис-1
-------------------------------------
Cалом дӯстон!
Нест огаҳтаре ба ҷуз аз Холиқ!
Настрадамус хатокор буд!
Андеша
-------------------------------------
Ба фикри ман, дар финал дастаи Италия бо Португалия қувва меозмояд ва ин вохӯрӣ бо пирӯзии Италия анҷом мепазирад. Ба ҳар ҳол таманнои чемпоин шудани дастаи Италияро дорам.
ИТАЛИЯ ба пеш!!!
Хайриддин
-------------------------------------
Салом ба тамоми ҳаватанон ва кормандони радиои озодибахши тоҷикӣ!
Ба назари банда, бозии финол байни тимҳои Итолиё ва Фаронса баргузор хоҳад шуд
ва ин бозӣ 2:1 бар нафъи Фаронса ба поён хоҳад расид.
Яъне баранадаи ҷом -- Фаронса.
Бо эҳтиром
ҳамватани шумо
Ҳакимӣ
--------------------------------------

Бори дигар салом ба ҳаводорони футбол.
Бовар кунед, ин Ҷоми ҷаҳонӣ ба таври хеле ҳам аҷоиб идома дорад. Аргентина гуфта будам, ноком шуд. Албатта агар сармураббӣ Мессиро ба бозӣ роҳ медод, Аргентина чемпион мешуд. Баъд гуфтам, ки Бразилия ҳаст. Он ҳам шикаст хӯрд. Аз ин рӯ, чизе бештар гуфта наметавонам.Намедонам, ки кӣ қаҳрамон хоҳад шуд, вале мехоҳам Фаронса пирӯз шавад.
Ҷовидон
-------------------------------------
Ба назари ман, тими Олмон баранда мешавад.
Ҳамид
-------------------------------------
Ман чунонки пештар гуфтам, тими Олмон баранда хоҳад шуд.
Ва дидем, ки тими Бразил шикаст хӯрд.
Ғалаба насиби олмониҳо мешавад.
Муҳаммадрӯзӣ
--------------------------------------
Дӯстон, инак лаҳзаи боз ҳам "тарангтар" фишурдани даст ва зеҳнамон расидааст:
Чуноне ки дар озмуни қаблӣ гуфтам, яке аз беҳтарин бозигарон М. Клозе аз дастаи Олмон аст, ки то ҳол 5 тӯб ба нишон расондааст. Ду-се бозии дигар дар пеш аст ва ӯ аз беҳтарин футболбозон пазируфта хоҳад шуд.
Кормандони мӯҳтарам радиои Озодӣ бояд ин мавқеъи маро ба инобат гиранд ва тӯҳфаи "ваъдагӣ"-ро омода доранд (шӯхӣ мекунам, ҳоло зуд аст).
Акнун мегузарем ба озмуни имрӯза:
Барандаи Ҷоми ҷаҳонии футболи 2006 насиб бошад, Олмон хоҳад буд. Он бо ҳисоби 3:1 пирӯз хоҳад шуд, муҳим нест, бар кӣ, чунки онро дар шарти озмун қайд накардед. (Фақат орзу дорам, Бразил набошад.)
Муроди Футболбоз
--------------------------------------

Ман бовар дорам, ки Бразилия бар дастаи Олмон пирӯз хоҳад шуд ва барандаи Ҷоми ҷаҳонӣ хоҳад гашт.
Ташаккур.
Имзо фаромӯш
-------------------------------------
Имсол соли Итолиёст ва онҳо Ҷомро хоҳанд гирифт.
Ягон даста мисли муҳофизони Итолиё муҳофиз надорад ва бозигарони ин тим ба сабки хоси худ бозӣ мекунанд. Буффон беҳтарин дарвозабон аст ва иншоаллоҳ имсол шарафёби дастпӯши тилоии ФИФА хоҳад гашт.
Ман чандин сол аст, ки ҳамаи бозиҳои ин тимро тамошо мекунам ва бовар дорам, сол иншоаллоҳ соли онҳост.
Зафар
-------------------------------------

Боз мегӯям, Ҷоми имсола насиби дастаи португалӣ хоҳад шуд.
Мухлис

-------------------------------------
Футболи Ҷоми ҷаҳонии 2006 бо пирузии дастаи Олмон ба анҷом мерасад.
Рузи 9 июл дастаи Олмон бо тими Бразилиё бо ҳам меоянд ва Олмон галаба намуда, соҳиби Ҷоми ҷаҳонии 2006 мегардад.
Алӣ
-------------------------------------

Ба назари ман, Ҷоми ҷаҳонии 2006 насиби тими Ангиля мешавад.
Кова
-------------------------------------

Аз натоиҷи бозиҳои қаблӣ чунин ба назар мерасад, ки дастаҳои Бразил ва Итолиё барои Ҷоми Ҷаҳонии футбол мусобиқа хоҳанд кард. Ба фикри банда, Ҷоми Ҷаҳонии футбол - 2006 насиби тими Итолиё хоҳад шуд. Дар орзуи ғалабаи тими Итолиё,
Шакибо
------------------------------------

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ҳамватанони азиз ва дӯстдорони футбол, ба фикри ман, дар бозии байни Бразил ва Оргентина, натиҷааш 3-0 ба фоидаи Бразил хоҳад буд. Лекин барои охири бозии 2006 Ҷоми Ҷаҳонӣ дар дасти Бразил мемонад ва мақоми дуввумро Олмон мегирад ва севвумро Оргентина. Саломат бошед.
Бачаҷон
-------------------------------------

Идомааш. Ба фикри ман Оржонтин бо Бразил бозӣ мекунанд ва пешгӯии натиҷаи бозӣ хеле мушкил аст. Бо вуҷуди ин, бозӣ 3-1 ба суди Оржонтин мешавад, иншоаллоҳ. Саломат бошед.
Ҷовидон
--------------------------------------

Салом алейкум ба мухлисони футбол. Бовар кунед, ки футболи 2006 бисёр хуб оғоз ёфт, вале сад афсӯс, ки табъи дили нашуд. Ман мухлиси ашаддии Ҳуланд будам, лекин ин футбол аст ва дар он ҳар чиз мешавад. Ман дар аввал Ҳуланд гуфта будам, агар Ҳуланд нашавад Оржонтин мешавад гуфта будам ва ҳоло ҳам умед дорам, ки Оржонтин қаҳрамон мешавад. Барои он ки ман аз аввал то азал ду тимро дӯст медорам:Ҳуланд ва Оржонтин, лекин Ҳуланд дигар аст. Илова бар ин, барои ман Ҷоми Ҷаҳонӣ тамом шудааст. Ҳамаи ёру рафиқонам ҳайрон шудаанд, ки чаро ман футбол тамошо намекунам. Ҳоло ки ман фанатики рақами 1 мебошам, бисёр нороҳат шудаам. Беш аз ҳад нороҳат шудам. Ҳатто хабарҳоро ҳам намехонам. Ба ҳар ҳол, Оржонтин - қаҳрамон.
Ҷовидон
--------------------------------------

Иншоолоҳ тими Брозил пирӯз хоҳад шуд. Дар Бозии ниҳоӣ бошад бо мунтахаби Олмон Бразил бо ҳисоби 1 бар сифр ғалаба мекунад! Афсӯс немисҳо имсол ҳам қаҳрамон нашуданд!
Маҳмудзода
--------------------------------------

Дар охирин футболи Ҷоми ҷаҳон 2006
дастаҳои Бразилиё ва Олмон бо ҳам қувва меозмоянд ва ахиран тими Олмон аз болои дастаи Бразилиё 2:1 ғалаба мекунад ва соҳиби Ҷоми ҷаҳонии 2006 мегардад.
Алишер
XS
SM
MD
LG