Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«Регар» ТадАЗ пешсаф шуд


Нарзуллоҳи Латиф

Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар охирин дидори худ дар давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар майдони худ бар СКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шуда, дар ҷадвали бозиҳо ба ҷойи аввал баромад.

Бозии тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо дастаи меҳмон - «Хима»-и Душанбе бо натиҷаи мусовии 0 бар 0 хотима ёфт. Ба ин тартиб «Регар» ТадАЗ ва «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров натоиҷи мушобеҳ - аз 11 бозӣ 25-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Вале таносуби тӯбҳои «Регар» ТадАЗ беҳтар аст, бинобар ин дар ҷадвали бозиҳо дар мақоми аввал қарор гирифтааст. Тими «Парвоз» дар ҷойи дуввум мебошад. Дастаи «Хима», ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 24 имтиёз ҷойи севвумро ишғол мекунад. Воқеъан «Хима» ягона дастаест, ки имкон дорад, дар сурати пирӯзӣ дар бозии охирини худ рӯзи 6 июл дар шаҳри Қӯрғонтеппа бар тими «Тоҷиктелеком» ғолиби давраи аввали мусобиқот шавад. CSKA бо 21 имтиёз дар ҷойи чаҳорум ва «Вахш» бо 16 имтиёз дар ҷойи панҷум қарор доранд. Вале тими «Вахш» аз ҳама камтар - ҳамагӣ 8 бозӣ анҷом додааст. Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар се бозии охирини давраи аввал рӯзи 5 июл дар Душанбе бо CSKA, 9 июл дар меҳмонӣ бо «Саройкамар»-и Панҷ ва 11 июл дар майдони худ бо «Динамо»-и Душанбе рақобат мекунад.

Низом Раҳимов, ҳамлагари «Регар» ТадАЗ, ки даҳ гол задааст, миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойи аввал мебошад. Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари «Парвоз» бо нӯҳ гол дар ҷойи дуввум аст.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 5 июл
1. «Регар» ТадАЗ 11 бозӣ 25 имтиёз
2. «Парвоз» 11 25
3. «Хима» 10 24
4. СSKA 10 21
5. «Вахш» 8 16
6. «Хуҷанд» 11 15
7. «Тоҷиктелеком» 10 13
8. «Саройкамар» 10 11
9. «О.Каримзод» 11 9
10. СКА «Помир» 11 6
11. «Ориёно» 11 5
12. «Динамо» 10 4
XS
SM
MD
LG