Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осебпазири сулҳи тоҷикон ва баҳсҳои пиромуни РусАЛ


Аз ҷумла «Минбари халқ» нашрияи ҲХДТ ба даст овардани созишномаи сулҳ ва расидан ба ваҳдати миллиро ба як шахс, мушаххасан ба президент Эмомалӣ Раҳмонов нисбат додааст. Ин нашрия зимни чопи матни суханронии президенти Тоҷикистон аз маросими таҷлили рӯзи ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт аз қавли Эмомалӣ Раҳмонов навиштааст «сулҳу субот, ризоияти ҷомеъа ва ваҳдати миллӣ хизмати халқи Тоҷикистон аст»

Аммо «Наҷот» ҳафтаномаи ҲНИТ бархилофи чунин арзёбӣ дар робита ба сулҳу оштӣ аз нақши боризи собиқ мухолифи тоҷик дар ба даст омадани сулҳу оштӣ ёддовар шудааст. «Наҷот» бо интиқод аз баҳогузории яктарафаи садову симо ва расонаҳои давлатии Тоҷикистон нигоштааст нашри ин гуна матолиби ба истилоҳи нашрия ноодилона ҷуз халал ворид сохтан ба раванди сулҳ ҳосиле ба бор намеорад.

Ҳамин нашрия дар матлаби дигари худ далели аз сӯи хориҷиён мавриди истифода қарор гирифтани таҷрибаи сулҳи тоҷиконро як иқдоми иҷборӣ унвон намудааст. Ба навиштаи ҳафтаномаи мазкур хориҷиён ба он далел ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон рӯ овардаанд, ки онҳо дар манотиқи мусалмоннишин муваффақ ба анҷоми коре нашуданд. Ва акнун дар қолаби омӯзиши сулҳи тоҷикон бо ҷалби уламои исломӣ мехоҳанд ба ҷангу низоъ дар Афғонистону Ироқ хотима бахшанд.

«Вақт» нашрияи иттилоъотиву ҷамъиятӣ зери сарлавҳаи «Сулҳи тоҷиконро кӣ ва чӣ халалдор сохта метавонад?» аз қавли мусоҳибон навиштааст адами таҳлилу баҳодиҳии воқеъии сабабҳои сар задании ҷанги шаҳрвандӣ ва рушди иқтисодиву шаффофияти кори давлати Тоҷикистон омилҳое ҳастанд, ки имкон дорад дар оянда раванди сулҳро дар ин кишвар бо мушкил ру ба рӯ созанд.
Масъалаи сохтмони бузургтарин истгоҳи обию барқии Роғун аз сӯи РусАл дар саҳифаҳои матбуъот дар ин ҳафта низ инъикос доштааст.

Оқои Загребелний дар як мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Миллат» гуфтааст РусАЛ ба ҳеҷ ваҷҳ аз Тоҷикистон канор рафтанӣ нест ва сарфи назар аз набуди тавофуқи ниҳоӣ дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун РусАл дар сохтмони ин нерӯгоҳ ширкат меварзад. Зеро, тавзеҳ додааст мақоми масъули РусАл барои ин ширкат дар Тоҷикистон дигар роҳи баргашт ба қафо нест.


Аммо ҳафтаномаи дигари чопи Душанбе «Тоҷикистон» бо нашри як матлаб бо номи Русал, аз чор се ҳиссаи нони тоҷикро нагир ё Дерипаска моро папуас меҳисобад? ваъдаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун тавассути РусАл -ро зери суол бурдааст. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» меафзояд кӯшишҳои РусАл барои иҷрои тарҳи матлуби худ маънои онро дорад, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ чароғи Дерипаско фурӯзон намегардад. Ва агар фурӯзон шавад ҳам тоҷикро гарм намесозад, зеро он ба ӯ ва дигар мардуми кишвар тааллуқ надорад.

«Тоҷикистон» дар идомаи мавзӯъ менависад РусАл танҳо як ширкати хусусист ва ҳанӯз ба некӣ ном набаровардааст ва дорои ғурури носолим аст. Нашрия бо ишора ба тарҳҳои РусАл дар Тоҷикистон натиҷагирӣ намудааст, ки русҳо омадаанд, вале дар онҳо бузургӣ ва ҳақпарастии хоси таффакури русӣ дида намешавад.

«Зиндагӣ» аз Созишномаи давлатии байни Тоҷикистону Русия интиқод намуда, онро санади зиддунақиз ва як эъломияи беамал номидааст. Ин нашрия менависад сарфи назар аз вогузории иҷрои созишномаи ёдшуда ба ӯҳдаи вазоратхонаҳои умури дохилӣ, беҳдошт, ва кори ду кишвар ин ниҳодҳо то ҳол дастури рушани иҷрои созишномаро дар даст надоранд. Ва ин ба маънои он аст, ки меафзояд »Зиндагӣ» аз ин баъд низ муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия беҳуқуқ боқӣ мемонанд.

Дар ҳамин ҳол нашрияи «Миллат» бо такя бар омори созмони «Лигаи мардумии Тоҷикон» ва Бунёди ҷамоъаи тоҷикони Русия рӯйхати шаҳрвандони тоҷикро чоп намудааст, ки ҳамагӣ тайи як соли охир дар вилояти Маскави Русия ба ҳалокат расидаанд.
Мувофиқи ин руйхат танҳо аз моҳи декабри соли 2005 то моҳи июни соли 2006 дар вилояти Маскав 49 нафар муҳоҷири кории тоҷик бо далелҳои гуногун ,аз ҷумла куштор ҷлни худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG