Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ва урониюми Осиёи Марказӣ


Дируз Сегргей Кириенко-раиси ожонси энержии ҳастаии Русия ё Росатом аз Қазоқистон ва Узбакистон даъват кард, ки барои истихроҷи урониюм бо Русия ҳамкорӣ кунанд. Кириенко зимни суханони худ дар конфронсе дар Маскав гуфт, барои анҷоми чунин кор Русия омода аст бо ин ду кишвари Осиёи Марказӣ ниҳоди муштарак ташкил диҳад. Ҳоло Русия барои истихроҷи урониюм бо Қазоқистону Қирғизистон ҳамкорӣ мекунад. Қарор аст, ширкати муштараки Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бо номи Заречное нахустин урониюми худро истихроҷ кунад ва соли 2007 онро дар ихтиёри Руссия гузорад. Ин ширкат дар як сол як тон урониюм истихроҷ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG