Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кушоиши бинои нави сафорати Амрико дар Душанбе


Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар расми муаррифии бинои нави сафорати Иёлоти Мутаҳида дар шаҳри Душанбе гуфт дар равобити миёни кишвараш ва Амрико густариши муҳиме дар назар гирифта шудааст. Вай бо ишора ба имкониятҳои ин густариш махсусан дар бахши иқтисодӣ гуфт: "Ҳоло миёни ҳарду кишвар нақшаҳои муштараки зиёде мавриди омӯзиш қарор доранд. Ман мутмаин ҳастам, ки дар ояндаи наздик мову шумо шоҳиди рушди ҳамкориҳо ва иҷрои тарҳҳои муштарак хоҳем шуд.»
Томас Армбрустер, кафили сафири Амрико дар Тоҷикистон ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар расми кушоиши сафорати нав нишонаи неки ҳамкориҳои ҳарду кишвар талаққӣ кард: "Сафорат ва куллия кормандони он ба беҳбуди шароити иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон талош хоҳад кард. Мо дар роҳи мубориза алайҳи терроризм, қочоқи маводи мухаддир ба давлати Тоҷикистон ҳамеша кӯмак хоҳем кард." Бар асоси иттилоияи сафорати Амрико дар сохтмони бинои нави сафорат дар Душанбе 90 миллион доллар сарф шуда, масоҳати бино ба 5 500 метри мураббаъ баробар аст.
Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG