Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулу хори роҳи сулҳ


Шояд ин ақида дуруст ҳам бошад. Ба монанди он ки он як нафар аввалин хиштро мегузорад ва дигарон хиштҳои наве зам мекунанд ва бино қомат мекашад. Ва ҳам онгуна ки як нафар як сангро аз кӯҳ меғелонаду то поёни дара ҳазорон сангу сангреза сарозер мешавад ва сели гарон ободиҳоро ба хок яксон мекунад.
Дар ҷанги Тоҷикистон ҳанӯз наёфтаанд, ки аввалин тир аз мили кадом силоҳ парид ва авалин касе, ки ба куланги ин камон пахш кард кӣ буд. Ба ҳамин тарз ҳанӯз наёфтаанд, касеро ки аввалин бор бародарони аз ҳам ранҷидаву озурда ва дилашон пур аз кину ғазабро сари як миз нишонд, то ба рӯи ҳамдигар нигаранд ва сухани ҳамдигар бишнаванд. Ва ин барномаи мо ҳамингуна кӯшишест, дар ёфтани касоне ки бо дили соф ва нияти нек, хиштҳоеро дар бинои ободии имрӯзаи мамлакати тоҷикон гузоштанд.

ЯКЕ АЗ НАХУСТИН МИЁНАРАВҲО

Анатолий Адамишин он вақт, яъне дар соли 1993, ноиби аввали вазири корҳои хориҷии Русия буд. Ва аввалин касе буд, ки ҳангоми баррасии хулосаи бахши марбутаи ин вазорат дар бораи вазъият дар Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷӣ Андрей Козирев пешниҳод кард, бо вуҷуди дудилагии ҳукумати Тоҷикистон, кӯшишҳои гуфтушунид бо нирӯҳои, ба гуфтаи худаш, исломии Тоҷикистонро шурӯъ кунад. Козирев ин масъаларо дар Душанбе бо раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов матраҳ карда буд, аммо посухи мусбат дар даст надошт. Бо вуҷуди ин ба Адамишин чароғаки сабз дод, то даст ба амал занад. Анатолий Леонидович, ки иштироки худро дар раванди сулҳи Тоҷикистон яке аз мушкилтарин вазифа дар чил соли фаъолияти дипломатияш меномад, мегӯяд, вай дар баҳори соли 1994 омодаи сафари Теҳрон шуд ва дар сӯҳбати телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов ӯро дар ҷараён гузошт. Сипас ба Теҳрон сафар кард ва бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода мулоқот кард. Анатолий Адамишин мегӯяд, он вақт баҳси дигар бархост. Гуфтушунид бояд дар куҷо баргузор шавад. Вай, албатта, гуфтааст, Маскав ҷои аз ҳама муносиб аст, вале сарони оппозисюн пешниҳод кардаанд, музокирот дар Теҳрон, Исломобод ё шаҳрҳои дигар ҷараён гирад.

Чунин гуфт Анатолий Леонидович Адамишин, собиқ ноиби аввали вазири корҳои хориҷии Русия дар солҳои 1992-1994. Моҳи июли соли 1994 ҷаноби Адамишин сафири Русия дар Бритониё таъин шуд ва бо ин аз мавзӯъи Тоҷикистон канор рафт, аммо мегӯяд, ҳамеша гуфтушунидҳои сулҳро думбол мекард ва орзу мекард, кореро ки сар кардааст, касе хароб накунад.
Матни муфассали гуфтугӯ бо ҷаноби Адамишинро бо фишор додани ин ҷумлаи сабз метавон хонд.

НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ АФҒОНИСТОН

Дар моҳи майи соли гузашта дар Мюнхени Олмон вақте аз ҳоли раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ раҳбари Иттиҳоди оппозисюни тоҷик ва Кумисюни оштии миллии Тоҷикистон, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хабар мегирифтам, сӯҳбат аз раванди сулҳи Тоҷикистон рафт ва пурсидам, ба ҳар ҳол оё аввалин таконе, ки бо андешаи сулҳ аз ҷой шуморо барканд ва бархостеду ҳамон лаҳза орзуи дидори Раҳмонов ва ризоият ба оштиро кардед, кадом буд. Гуфт, баъд аз як сӯҳбати дурудароз бо устод Бурҳонуддини Раббонӣ, ки гӯё маро афсун кард, айни ҳамин ҳолат ба ман даст дод ва хостори мулоқот шудам, хеле қатъӣ ва он хост буд, ки маро ба Хостдеҳ овард.
Дар рӯзи ваҳдати миллии тоҷикон, ҳамкорам дар Кобул, Фарҳоди Милод ба сӯҳбати устод Раббонӣ рафт ва ин сӯҳбатро, ки ҳанӯз рӯи коғаз наомадааст, танҳо бо фишор ба рамзи радио дар паҳлуи сарлавҳаи асосӣ метавонед шунид. Ҳамчунин сӯҳбати моро бо сафири собиқи Ҷумҳурии исломии Эрон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, ки низ ба раванди сулҳи Тоҷикистон мадади зиёд кардааст.

Матни комили гуфтугӯ бо сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ пушти ин ҷумла ниҳон аст.
XS
SM
MD
LG