Пайвандҳои дастрасӣ

Лӯлаи нав барои таъмини гази табиӣ ба Аврупо


Брефни О'рурк Ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо бо намояндагони Туркия, Булғористон, Романия, Маҷористон ва Австрия дар масъалаи бунёди лӯлаи нави интиқоли газ ба Аврупо мувофиқат ҳосил намуд. Тибқи нақша лӯла аз Озарбойҷон оғоз ёфта дар Австрия хотима меёбад.Ин иқдом ҳамчун кӯшиши гуногун намудани манбаъҳои таъмини энергия ба Аврупо арзёбӣ мешавад. Баҳори соли равон баҳси РУсияву Украина рӯи нархи гази табиӣ таъмини газ ба Аврупоро муваққатан қатъ карда буд ва акнун Иттиҳодияи Аврупо масъалаи амнияти энергетикиро дар сафи аввал гузоштааст.

Ба назар мерасад, ки Иттиҳодияи Аврупо барои гуногун намудани сарчашмаҳои таъмини энергия иқдоми муҳиме бардошт. Рӯзи душанбе Комиссияи аврупоӣ ниҳоди иҷроияи Иттиҳодияи Аврупо изҳор намуд, ки вазирони энергетикаи шаш кишвари узви Иттиҳодия ба бунёди лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз ҳавзаи баҳри Каспий ё худ дарёи Хазар ба қалби Аврупо мувофиқат кардаанд.
Лоиҳа зери унвони "Набуко" насби 3300 километр лӯлаи гази табииро мадди назар дорад, ки ба воситаи он солона аз Озарбойҷон то Австрия интиқоли 30 миллиард метри мукааб газ имкон хоҳад дошт.
Комиссари энергетикии Иттиҳодияи Аврупо Андрис Пибалдс мегӯяд: "амнияти энергетикӣ барои ҳар вазири умури хориҷӣ, молия, саноат ва энергетикаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо авлавият дорад".
Сухангӯи идораи комиссари энергетикии Иттиҳодияи Аврупо Фарран Тараделлис:
"Мо хоҳем тавонист, ки газро аз ҳавзаи Каспий ворид намоем, яъне аз Озарбойҷон, вале агар лӯлаи гази он тарафи Каспий бунёд шавад, мо хоҳем тавонист, ки газро аз Ховари Миёна, Эрон, Ироқ ва Миср тавассути лӯлаи дигари газ ворид намоем, ки он аз Миср шурӯъ шуда, то Туркия тӯл мекашад. Ҳамчунин бо истифода аз лӯлаи "Набуко" мо ҳатто хоҳем тавонист, ки аз Русия тавассути "Лӯлаи асосии кабуд" газ харидорӣ намоем".
Баъзе шореҳон бо ишора ба бунбасти баҳси барномаи ҳаставии Эрон мегӯянд, ки агар ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Исломиро мавриди таҳрим қарор диҳад, лӯлаи "Набуко" зиёд ба дард нахоҳад хӯрд.
Вале Душан Ондрейичка сухангӯи бонки аврупоии сармоягузориҳо: эҳтимолан калонтарин сармоягузори лоиҳаи "Набуко", бар ин назар аст, ки бунёди лоиҳа чандин солро дар бар мегирад:

"Лоиҳаи "Набуко" дар даҳаи дуюми асри кунунӣ пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Мардуми зиёд бар ин ақидааст, ки то он замон ҳамаи мушкилиҳои сиёсӣ рафъ хоҳад шуд. "

Назар ба тахминҳо барои татбиқи лоиҳаи "Набуко" 4,8 миллиард доллар зарур хоҳад шуд. Бонки аврупоии сармоягузориҳо ҳозир аст, ки аз се як ҳиссаи онро сармоягузорӣ кунад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Ондрейичка гуфт, ки шояд қисми боқимондаи сармоягузориҳоро бахши хусусӣ ва Боник Аврупоии Бозсозиву рушд бар ӯҳда гирад.
Фарран Тараделис мегӯяд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз эҳтимоли ноором шудани минтақа огаҳ аст. Ҳафтаи гузашта президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев иброз дошт, ки кишвараш ҳозир аст бо ҳар роҳу воситаи зарурӣ назорати минтақаи Қарабоғи Кӯҳиро барқарор кунад. Оғози дубораи муқовимати низомӣ дар Қафқоз содирот аз минтақаро зери суол мегузорад. Аммо мансабдорони Иттиҳодияи Аврупо таъкид мекунанд, ки онҳо дар паи бунёди якчанд шабакаи таъмини гази табиӣ мебошанд. Ба гуфти Тараделис лӯлаи "Набуко" ҳамчун замима ва ё як имкони иловагии воридоти гази табиӣ ба лӯлаҳои феълӣ хидмат хоҳад кард. Бахши асосии гази Иттиҳодияи Аврупо аз Русия, Норвегия, Алҷазоир ва дигар гӯшаҳои олам ворид мешавад.
Мувофиқати бунёди лӯлаи "Набуко" баъди баҳси Русияву Украина дар масъалаи нархи гази табиӣ ва таъминоти номуназзами газ ба Аврупо тавассути Украина ҳосил шудааст.
XS
SM
MD
LG