Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс дар Кобул шикасти ошӯби Толибонро ваъда кард


Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида Кондолиза Райс дар Кобул бо раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дидор ва гуфтушунид дошт ва аз вазъи сарбозони амрикоӣ хабар гирифт. Ба гуфтаи хабаргузориҳо Райс дар ин мулоқот ваъда дод, ки ошӯби гурӯҳи Толибон дар Афғонистон шикаст дода хоҳад шуд. Дар дидор бо Карзай Райс гуфт, авҷи нав гирифтани хушунат дар Афғонистонро дар моҳҳои охир эътироф мекунад. Вай афзуд, Иёлоти Муттаҳида ба Афғонистон садоқати дарозмуддат дорад ва иҷоза нахоҳад дод, ки дастовардҳои демократии Афғонистон барбод раванд. Вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида аз Исломбод, пойтахти Покистон ва Кобул сафар кард ва нозирони вазъ мегӯянд, сардиҳо дар муносибатҳои миёни Афғонистону Покистон як манбаъи нигаронии Амрикост, зеро ба вазъи умумии мубориза бо терроризм таъсири манфӣ мерасонанд. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, ҳарду кишвар ҳадафи ҳамлаи террористон қарор доранд ва ҳарду низ мехоҳанд, муштаракан терроризмро шикаст диҳанд.
XS
SM
MD
LG