Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анон аз Эрон даъват кард, зудтар посух диҳад


Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Кофӣ Анон аз Эрон даъват кард, ҳарчи зудтар ба пешниҳодҳои боимтиёзи қудратҳои ҷаҳон барои ҳалли рӯёрӯӣ дар мавриди барномаи ҳастаии Теҳрон посух диҳад. Дар изҳороти СММ гуфта мешавад, Анон ба вазири корҳои хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ гуфт, Теҳрон бояд посухи худро ба пешниҳодҳо зудтар омода кунад. Ин пешниҳодҳоро панҷ узви доимии Шӯрои амнияти СММ ҳамроҳ бо Олмон ба миён гузоштаанд. Теҳрон борҳо гуфтааст, ба мутолиаи ҷиддии онҳо машғул аст ва то поёни моҳи август посухи худро эълон хоҳад кард. Дар байн Иёлоти Муттаҳида ба гуфтушуниди кишварҳои аврупоӣ бо Эрон шарик шудааст. Рӯзи 27-уми июн раҳбари олии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ гуфт, кишвараш аз гуфтушунид бо Амрико суде нахоҳад бурд. Иёлоти Муттаҳида гуфт, ин изҳорот мавқеъи ҳукумати Эронро бозтоб намекунад.
XS
SM
MD
LG