Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабси тулонии ду зани тоҷик дар Ӯзбакистон


Додгоҳи Ӯзбакистон ду зани тоҷикро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба 10 соли ҳабс маҳкум кард. Матбуоти чопи Тошканд хабар додааст, ки ин занон кӯшиш кардаанд, ҳангоми сафар бо қатори роҳи оҳан аз Тоҷикистон ба Русия ба воситаи қаламрави Ӯзбакистон 4 килограм ҳероинро интиқол диҳанд. Сарчашмаҳои ҳукуматӣ инчунин хабар додаанд, ки дар ҳамин додгоҳ як шаҳрванди Ӯзбакистон бо айбномаи интиқоли дуздонаи 7 килограм ҳероин ба 13 соли зиндон маҳкум шудааст. Мақомоти Тошканд гуфтаанд, дар ҳоли ҳозир наздик ба 1 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир ва айбномаҳои марбут ба тундгароии мазҳабӣ дар маҳбасҳои Ӯзбакистон ба сар мебаранд. Тирамоҳи соли гузашта 36 нафари онҳо бо фармони президенти Ӯзбакистон афв шуда, ба озодӣ баромаданд.
XS
SM
MD
LG