Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бразил 3; Ғано 0


Бозии тимҳои миллии Бразил ва Ғано бо пирӯзии 3:0-и Бразил бар Ғано поён ёфт. Оғози он пурҷунбу ҷӯш буд ва дар дақиқаи панҷуми бозӣ Роналдо аз тими Бразил дарвозаи ҳарифашро боз кард. Роналдо, ки ба хотири бозии нисбатан камрангаш дар гузашта сарзаниш шуда буд, бо ин голи худ собит кард, ки ҳамчунон метавонад дар сарнавишти тимаш нақши боризе дошта бошад. Ин гол боъис шуд, ки тими Ғано талоши бештар ба харҷ диҳад ва тӯбро ба таври хатарноке ба нимаи бразилии майдон бикашад. Аммо ҳамон гуна ки интизор мерафт, рақиби Ғано ин бор қавитар аз он буд, ки ба ин тими Офриқои Ғарбӣ фурсати бурди дигаре бидиҳад. Бад-ин гуна дар поёни нимаи нахусти бозӣ Бразил тӯби дигареро вориди дарвозаи Ғано кард ва ин бор бо зарбаи Адриано. Ва дар дақиқаи 84 голи Зе Роберто аз дастаи Бразил буд, ки имкони дастболоии Ғаноро ба маротиб дуртар кард ва бозӣ бо ҳамон ҳисоби се бар ҳич ба суди Бразил поён ёфт.
XS
SM
MD
LG