Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Ирон музокира бо Омрикоро судманд намедонад


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Ирон имрӯз (27 июн) гуфт, ки гуфтушунуд бо Омрико барои Ирон суде нахоҳад дошт. Вай ҳамчунин гуфт, ки Теҳрон дар мавриди ҳаққи Ирон ба дастёбӣ ба қудрати ҳастаӣ "бо касе ба музокира нахоҳад нишаст". Иёлоти Муттаҳидаи Омрико пешниҳод кардааст, ки дар сурати таълиқи фаъъолиятҳои ғанисозии урониюм дар Ирон, дар гуфтушунуди мустақим бо Ирон ба музокиракунандагони урупоӣ бипайвандад. То кунун давлати Ирон ба бастаи пешниҳодҳои Иттиҳодияи Урупо дар изои таълиқи барномаи ҳастаиш посух надодааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG