Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи сулҳи тоҷикон чи гуна паймуда шуд


Иброҳим Усмонов, ки дар музокироти миёни давлат ва мухолифон дар хилоли он солҳо аз давлат намояндагӣ мекард, оғози ҷангро ба авохири даҳаи 1980 мекашад:

"Таби ҷанг дар Тоҷикистон аз солҳои 1988-1989 дар даврони шӯравӣ эҳсос мешуд. Ва воқеъаи баҳманмоҳи соли 1990 далели он аст, ки инҳо муқаддимаи ҷанг буданд, яъне низоъи сиёсӣ он замон ибтидо гирифта буд".

Оқои Усмонов раванди дастёбӣ ба сулҳро низ печидаву пурихтилоф тавсиф мекунад ва инъиқоди сулҳро кори содае намедонад. Абдунабӣ Сатторзода, ки тайи он солҳо пушти мизи музокира дар тарафи муқобили Иброҳим Усмонов менишаст ва аз мухолифон намояндагӣ мекард, низ аз печидагии мароҳили расидан ба сулҳ мегӯяд:

"Бахти тоҷикҳо дар он аст, ки онҳо зуд эҳсос карданд ва сари вақт дарк карданд, ки манфиъатҳои миллӣ болотар аз ҳамаи манфиъатҳои дигар аст, ба монанди манфиъатҳои сиёсию гурӯҳию маҳаллию дигару дигар. Бино бар ин, таҷрубаи сулҳофаринии тоҷикон ҳамчун як таҷрубаи воқеъан нодир эътироф шудааст ва аз он бояд сабақ гирифт, на ин ки онро содаву осон гумон кард".

Аммо он нуқтаи атф ё чархиш куҷо буд, ки тоҷикҳоро ба дарки неъмати сулҳ водошт? Кай тоҷикҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки чорае ба ҷуз сулҳу оштӣ надоранд? Иброҳим Усмонов:

"Дар давраи музокирот муҳимтарин чизе, ки ба вуҷуд омад ва тарафҳоро ба сӯи сулҳ ҳидоят кард, дарки ин мавзӯъ буд, ки дар дохили кишвар душвории шадиде ба сари мардум омад дар мавриди ҳаракат аз як ҷо ба ҷои дигар, пайдо кардани нон, нигоҳ доштани хонаву дар ва амсоли ин. Онҳое ҳам, ки берун аз кишвар буданд, эҳсос карданд, ки мардуме, ки ҳамроҳашон омадаанд, монанди мардуми дигар наметавонистанд дар он ҷо барои муддати дарозе бимонанд ва онҳо ба ин ё он васила оҳанги бозгаштан ба ватан карданд. Дар дохили кишвар ҳам эҳсос карданд, ки ба сабаби иқомати теъдоди бештари мардум дар берун аз Тоҷикистон кори дилхоҳ ва табъи дил ба амал намеомад".

Вале Абдуннабӣ Сатторзода аз торихи мушаххасе барои оғози талошҳо ҷиҳати истиқрори сулҳ суҳбат мекунад:

"Ман ёдам меояд, ки дар Теҳрон Иттиҳоди нирӯҳои оппозисиюн ҷаласае орост. Торихаш дақиқан ёдам ҳаст: шашуми декабри 1993. Ва баъдан дидоре доштанд дар сафорати Русия дар Теҳрон бо Анатолий Адамишин, муъовини аввали вазири хориҷаи Русия. Ва баъд аз он ҳам рӯзи ҳафтуми декабри соли 1993 санаде ба вуҷуд омад бо номи "Пешниҳодҳо" ва он вақт маълум шуд, ки тасмими Иттиҳоди оппозисиюни тоҷик дар мавриди сулҳу оштӣ қатъист".

Ҳоло ки сулҳу субот дар Тоҷикистон пояи муҳкамтаре ёфтааст, тарафҳои даргири собиқ гаҳгоҳе иддаъоҳоеро матраҳ мекунанд ва ҳар кадом саҳми тарафи худро дар истиқрори сулҳ бештар медонад. Аммо Абдуннабӣ Сатторзода саҳми ҳар ду тарафи даргир ба изофаи ҷомеъаи байнулмилалӣ, ба вижа Русия ва Иронро сарнавиштсоз медонад, дар ҳоле ки Иброҳим Усмонов барои тавзеҳи ин мавзӯъ намунае меоварад:

"Кӣ имкон фароҳам сохт, ки якҷо шаванд? Иттиҳод дар хориҷи кишвар сурат гирифт ё дар дохили кишвар? Аз ҳамин нигоҳ бибинед, ки саҳми кӣ бештар аст дар дастёбӣ ба сулҳ. Агар ҳамаи мардум бо оппозисиюн Тоҷикистонро тарк мекарданду мерафтанд, саҳми онҳо бештар мешуд. Вале агар оппозисиюн ва мардум ба ватан баргаштанд, имкони онро кӣ фароҳам сохт? Тарафи ҳукумат инро, албатта, фароҳам сохт. Агар аз ин нигоҳ бингаред, шояд саҳми ҳукуматдорон бештар бошад. Вале дар мағзу муҳтаво ин саҳми ҳар ду ҷониб аст".

Албатта, ин ҳам ҳарфи охир нест ва иддаъоҳое ҳам матраҳ мешавад, ки дар остонаи имзои тавофуқномаи ниҳоии сулҳ тарафҳои даргир аз нирӯ ва нуфузи тақрибан баробар бархурдор буданд ва гузашти иддае ба суди иддае дигар ба истиқрори сулҳу оромиш анҷомид. Аммо ин баҳсҳо дигар кори торихнигорон аст. Барои мардуми Тоҷикистон он чи муҳимтар аз ҳар чизи дигар ба назар мерасад, гашту гузори бедардисар дар кӯча хиёбонҳои кишварашон ва оромиш дар хонаву кошонаашон аст.
XS
SM
MD
LG