Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иқтисоди моро кӣ ҳисобу китоб мекунад?


Бар асоси як созишномаи имзошуда байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, ин ниҳоди молӣ барои анҷоми ислоҳоти риштаи омори Тоҷикистон ваъдаи як каме беш аз 5 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.
Маблағгузории барномаи ислоҳот ва таҳкими имконоти низоми давлатии омори Тоҷикистонро Иттиҳодияи байналмилалии Рушд, як ниҳоди марбут ба гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳамчунин ниҳодҳои рушди байналмилалии Суиду Бритониё бар ӯҳда гирифтаанд. Саҳми худи давлати Тоҷикистон дар роҳи иҷрои ин лоиҳа 872 000 доллар таъйин шудааст.

Ва аммо ҳадаф аз ин лоиҳа ва нукоти муҳими он кадоманд? Бахтия Муҳаммадиева, муовини аввали раиси кумитаи давлатии омори Тоҷикистон дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо маҷаллаи Бозори Озодӣ гуфт, кӯмаки Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои 150 вазифа дар 30 самт масраф хоҳад шуд, ки ҳадафи ниҳоияш боло бурдани имконоти низоми омор ва навсозии ин соҳа аст. Хонум Муҳаммадиева таъмини рушди кишвар ва иҷрои мақсадҳои барномаи рушди ҳазорсоларо аз дигар аҳдофи аслии барномаи имдодии Бонки Ҷаҳонӣ ба риштаи омори Тоҷикистон медонад ва мегӯяд:

"Такмили қонунгузории омор, рушди ниҳодҳои марказиву маҳаллии омор, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ кардани сохтор ва методологияи ҳисоби куллия рақамҳои оморӣ, ба хусус омори соҳоти тандурустиву маориф ва шуғли аҳолӣ ва маош, рушди омори тиҷорати хориҷӣ, нақлиёт ва арзаи хадамот.
Ба нуфузшумории соли 2010 низ таваҷҷӯҳи зиёд нишон дода мешавад. Ба ин хотир низ маблағ ҷудо шуда ва қарор аст, бар пояи ин кӯмак масъулони ин маърака барои табодули таҷруба ба кишварҳои хориҷӣ низ сафарҳо анҷом диҳанд.
Мо пеш бо шохисҳои омории шӯравӣ кор мекардем ва бояд акнун ба низоми байналмилалӣ гузарем. Мо бояд феҳрасти давлатии корхонаҳо, асоси кори ниҳодҳои оморӣ ва ҳамчунин ГИС, низоми ҷуғрофии иттилоотиро низ такмил кунем. Дар мавриди ГИС, аз ҷумла таҳияи харитаҳои ҷуғрофии Тоҷикистон бар пояи маълумоти мухталифи оморӣ дар назар аст.
Як бахши ин кӯмак сарфи харидории фанновариҳои муосир, азъ ҷумла компутарҳо барои ниҳодҳои оморӣ хоҳад шуд ва мо мехоҳем зимнан кори саҳифаи интернетии худро боз ҳам фаъолтар кунем.
Ҳамчунин мо мехоҳем, ҷамъоварии маълумот дар бораи фаъолияти бахши хусусии иқтисодро комилтар кунем. Ва низ барои нахустин бор мо даст ба муҳосибаи арқоми омории иқтисоди пасипардагӣ, ба истилоҳ "теневая экономика" хоҳем зад. Чизе ки дар гузашта аслан набуд. Дар маҷмӯъ мо бояд 150 вазифаро дар 30 самт ба иҷро бирасонем."


Ва аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, умдатарин мушкили риштаи омори Тоҷикистон заъфи зербинои фаннии ниҳодҳои оморӣ ба хусус дар маҳаллҳост. Аз сӯи дигар, ба ақидаи профессор Умаров, маоши паст боиси коҳиши таваҷҷуҳи мутахассиони ҷавон барои кор дар ниҳодҳои оморӣ шудааст ва аз ин рӯ шумори аъзами кормандони онро афроди солхӯрда ва бознишаста ташкил медиҳанд. Оқои Умаров мегӯяд, дар натиҷа мақомоти омор тавони ҷамъоварии маълумоти саҳеҳ ва саривақтро аз даст дода, бисёре аз маълумоти омориро, ба истилоҳ, аз осмон мегиранд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров меафзояд, дар ҳар сурат, кӯмаки Бонки Ҷаҳонӣ ба риштаи омори Тоҷикистон метавонад нақши муассир бозӣ кунад, агар иҷрои он барнома таҳти сарпарастии мутахассисини байналмилалӣ сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG