Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дуввумин бохти Регар ТадАЗ


Натоиҷи се бозии номбурда мавқеи дастаи пешсафи ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро тағйир надодааст. Ин даста бо 25 имтиёз аз 11 бозӣ дар ҷойи аввал мебошад. «Хима» бо 23 имтиёз ба ҷойи дуввум баромад. Вале «Регар» ТадАЗ бо 22 имтиёз як зина поинтар – ба ҷойи севвум фуромад. CSKA бо 18 имтиёз дар ҷойи чаҳорум ва «Вахш» бо 15 имтиёз дар ҷойи панҷум қарор доранд.
Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари «Парвоз» ва Низом Раҳимов, аз дастаи «Регар» ТадАЗ, ки нӯҳголӣ задаанд, беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот маҳсуб мешаванд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 26 июн
1. «Парвоз» 11 бозӣ 25 имтиёз
2. «Хима» 9 23
3. «Регар» ТадАЗ 10 22
4. СSKA 9 18
5. «Вахш» 7 15
6. «Хуҷанд» 11 15
7. «Саройкамар» 9 11
8. «Тоҷиктелеком» 9 10
9. «О.Каримзод» 11 9
10. СКА «Помир» 10 6
11. «Ориёно» 10 5
12. «Динамо» 10 4


Ҳамзамон бозиҳои мусобиқоти тимҳои лигаи аввал баргузор шуд. Тими «Ҳисор»-и Ҳисор дар сафар бар «Ҳулбук»-и Восеъ бо натиҷаи 2 бар 1, «Гвардия»-и Душанбе дар меҳмонӣ бар «Зарафшон»-и Панҷакент ва «Энергетик»-и Душанбе дар шаҳри Қайроққум бар тими «Апрелёвка» бо натиҷаи якхелаи 3 бар 1 пирӯз шуданд. Дидори тими «Ҳосилот»-и Данғара бо дастаи меҳмон – «Баракат»-и Шаҳринав бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Дар ҷадвали мусобиқот дастаи «Ҳисор» бо 16 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Ду тими шаҳри Душанбе – «Гвардия» бо 12 имтиёз ҷойи дуввум ва «Энергетик» бо 11 имтиёз ҷойи севвумро ишғол мекунанд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 26 июн
1. «Ҳисор» 6 бозӣ 16 имтиёз
2. «Гвардия» 6 12
3. «Энергетик» 6 11
4. «Апрелёвка» 6 9
5. «Ҳулбук» 6 9
6. «Баракат» 5 8
7. «Ҷавонӣ» 5 4
8. «Ҳосилот» 5 3
9. «Зарафшон» 8 0
XS
SM
MD
LG