Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия хабари эъдоми дипломатҳоро тафтиш мекунад


Гурӯҳи Шӯрои муҷоҳидини Ироқ, ки масъулияти рабудани чаҳор корманди сафорати Русия дар Бағдодро бар дӯш гирифта буд, дар бораи эъдоми дипломатҳо иттилоъ дод. Изҳороти гурӯҳ аз тариқи Интернет пахш шуд ва алҳол ҷузъиёти дигар дар ин бора зери даст нест. Михаил Каминин, намояндаи вазорати хориҷаи Русия ба Родиёи Озодӣ гуфт, ки ин иттилоъ дақиқ тафтиш мешавад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 3 июн гурӯҳи номаълум ба кормандони сафорати Русия дар Бағдод ҳамла кард. Дар ин ҳамла як дипломат кушта шуд. Чаҳор корманди дигари сафорат рабуда шуданд. Баъди чанд рӯз созмони номаълуме мавсум ба Шӯрои муҷоҳидини Ироқ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт. Чанд рӯз пеш ин гурӯҳ аз Русия талаб кард, ки тайи 48 соат неруҳои низомии худро аз Чеченистон берун кунад ва ба ҳама зиндониёни мусалмон озодӣ бубахшад. Дар изҳороти гурӯҳ аз тариқи Интернет омадааст, ки чун Русия ин зарбулаҷалро нодида гирифт, ҳама чаҳор дипломат эъдом шуданд.
XS
SM
MD
LG