Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон: Эрон бояд ғанисозии уранро хотима бахшад


Олмон мегӯяд: Агар Эрон мехоҳад бо шаш кишвари саноатии олам бастаи имтиёзҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад, Теҳрон бояд ғанисозии уранро қатъ намояд.
Дирӯз дар шаҳри Берлин баъди вохӯрӣ бо вазири умури хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ вазири умури хориҷии Олмон Франк-Валтер Штейнмейер гуфт, Эрон бояд "ба зудӣ" ғанисозии уранро хотима бахшад.
Вале Манучеҳи Муттакӣ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Исломӣ феълан бастаи пешниҳодҳои кишварҳои саноатиро арзёбӣ дошта, аз ҳар гуна музокироти бидуни пешшарт истиқбол мекунад.
Панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ҷамъи Олмон дар муқобили қатъи ғанисозии уран имтиёз пешниҳод кардаанд. Кишварҳои ғарбӣ аз он нигаронанд, ки Эрон имкон дорад, пинҳонӣ дар паи тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ бошад, вале Теҳрон ин ташвишҳоро беасос медонад.
XS
SM
MD
LG