Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Ироқ барномаи мусолиҳаи миллиро матраҳ хоҳад кард


Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз сарвазири Ироқ Нурӣ Комил Ал-Моликӣ дар Парламенти Ироқ барномаи мусолиҳаи миллиро муаррифӣ мекунад. Барномаи иборат аз 28 модда ҳадаф дорад, ошӯбгарони суннимазҳабро ба ҷараёни сиёсии Ироқ ҳамроҳ намуда, ихтилофҳои мазҳабиро аз байн барад. Тахмин мешавад, ки дар барнома афви баъзе гурӯҳҳои ошӯбгар ва чорчӯби интиқоли вазифаҳои амниятӣ аз нерӯҳои эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА ба сарбозони ироқӣ пешниҳод хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG