Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷанги шаҳрвандӣ аз нигоҳи ҷавонон


27 июни соли 1997 Cозишномаи умумии тоҷикон ба имзо расид. Ин санад ба таври расмӣ ҷанги дохилии Тоҷикистонро хотима бахшид.
Дар натиҷаи муқовиматҳои мусаллаҳонаи дохилӣ , ки бо номи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон имрӯз ёд мешавад, даҳҳо ҳазор нафар ба ҳалокат расид, ҳазорҳо нафар маҷрӯҳ гардиданд. Аз вуқӯъи он рӯйдодҳо ҳамакнун 13-14 сол сипарӣ мешавад ва кӯдакони даврони ҷанг имрӯз ба ҷавонон табдил ёфтаанд. Онҳо дар донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, дар Русияву кишварҳои дигар бо мардикорӣ машғул ҳастанд, қисмате бекор ва нодоранд. Имрӯз мо намехоҳем роҷеъ ба сабабу иллатҳои аслии сар задани он ҳодисаҳо сӯҳбат кунем.
Ҳадафи мо танҳо ёдоварӣ аз он рӯйдодҳост, оё шоҳидони ҷавони он руйдодҳо чӣ хотиротеро дар ёдҳо гирифтаанд?
Ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳаёти ҷавонони имрӯз чӣ таъсире гузоштааст?
Сӯҳбати сари мизи муддавари моро дар ин мавзӯъ бишунавед ва аз андешаҳои ҳамсолонатон огоҳ шавед!
Шуморо ман Фирӯз ва ҳамкорам Шаҳло ҳамроҳӣ хоҳем кард. Бо мо бошед!

Барои шунидани сӯҳбатҳои ин мизигирд рамзи радиочаро аз паҳлуи сарлавҳаи ин матлаб панҷа занед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG