Пайвандҳои дастрасӣ

Оташсӯзӣ дар Прага


Рӯзи ҷумъа, 23 юми июн, дар яке аз кӯчаҳои марказии шаҳри Прага оташсӯзӣ ба амал омад. Макони сӯхтор дар масофаи начандон дур аз қароргоҳи Радиои Озодӣ буд.
Зоҳиран, сӯхтор ба иллати мушкилоти техникӣ дар лӯлаи газ шурӯъ шудааст. Оташсӯзӣ як муддат боиси халалдор шудани ҳаракати нақлиёт дар ин кӯча шуд, вале баъди чанд лаҳза бе хисороти ҷиддӣ ба биноҳои наздик, аз ҷониби оташнишонҳо хомӯш карда шуд. Танҳо тирезаҳои аккосхонаи Кодак, ки оташ дар паҳлуи он фурӯзон буд, хароб шуданд.
Касе аз сӯхтор осеби ҷисмонӣ надид.
XS
SM
MD
LG