Пайвандҳои дастрасӣ

Оё Искандаров дар Русия бозпурсӣ хоҳад шуд?


Анна Ставитсякая, вакили мудофеъи оқои Искандаров дар Маскав ва вакилони тоҷики вай мӯътақиданд, ки раҳбари Ҳизби Демукроти Тоҷикистон соли гузашта рабуда шуда буд, то ба мақомоти тоҷик таҳвил дода шавад. Ва талошҳои бону Ставитская мунҷар ба лағви ҳукми додгоҳи Королёвои Русия шудааст, ки мегуфт барои таҳқиқи ин иддаъо ниёзе ба овардани оқои Искандаров ба Русия нест. Бад ин гуна эҳтимоли интиқоли Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба Русия барои бозпурсӣ дар мавриди чизе ки рабуда шудани вай дар Русия унвон мешавад, матраҳ шудааст. Дар гуфтугӯе телефунӣ, ки соъоте пеш бо Анна Ставитская, вакили мудофеъи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Маскав доштам, нахуст аз ӯ хостам, ки чигунагии иттихози ин тасмим тавассути додгоҳи вилояти Маскавро тавзеҳ диҳад.
Анна Ставитская гуфт:

Пеш аз тавзеҳи рӯйдоди рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар Додгоҳи вилояти Маскав бояд нахуст вазъиятро тавзеҳ бидиҳам, ки то ҳоло чи иттифоқоте дар мавриди парвандаи Муҳаммадрузӣ Искандаров сурат гирифтааст. Ҳам ман ва ҳам худи оқои Искандаров талош дорем, ки ӯро ба Федеросиюни Русия мунтақил кунанд, то дар бораи парвандаи рабуда шуданаш ӯро бозпурсӣ кунанд. Ин парвандаро додситонии шаҳри Королёво боз карда буд, вале мутаассифона, таҳқиқи он мутаваққиф шудааст. Зеро ҳанӯз оқои Искандаров бозпурсӣ нашудааст. Ва ӯ танҳо касест, ки метавонад шароити рабуда шуданашро тавзеҳ диҳад. Аз ин рӯ аз додситонии шаҳри Королёво тақозо шуда буд, ки барои овардани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба Русия иқдом кунад. Аммо муъовини ин додситонӣ тақозоро рад карда ва бо интишори тасмиме гуфта буд, ки ба овардани оқои Искандаров ба Русия ниёзе нест. Ман аз ин тасмими додситонии Королёво ба додгоҳи шаҳр шикоят бурдам. Аммо додгоҳи Королёво ҳам аз тасмими додситонӣ ҳимоят кард. Саранҷом ман шикоятамро ба Додгоҳи вилояти Маскав бурдам ва ин додгоҳ бо далелҳои ман комилан мувофиқат кард, ҳукми додгоҳи Королёворо лағв кард ва парвандаро барои расидагии муҷаддад ба додгоҳ фиристод.-

Шумо то чи андоза хушбин ҳастед, ки ба овардани оқои Искандаров ба Русия муваффақ хоҳед шуд?

Ман фикр мекунам, ки бояд ҳам ин кор анҷом шавад. Зеро қонунҳои Русия ин амрро тақозо мекунад. Ва ман бар ин боварам, ки дар ниҳоят муваффақ хоҳам шуд, ки заминаи бозпурсии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Русияро фароҳам кунам.

Оё шахси шумо бо оқои Искандаров, ки дар зиндон аст, тамосе доред?

На, мутаассифона, иртиботи ман бо ӯ мустақим нест, балки аз тариқи вакилони мудофеъи вай дар Душанбе аст. Инсофан бояд гуфт, ки дастрасӣ ба ӯ дар зиндон хеле мушкил аст. Пас аз радди тақозои бознигарии ҳукми додгоҳ алайҳи Искандаров тавассути Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ӯро дигар касе надидааст. Яъне вакилони ӯ ҳам дигар иҷозаи дидор бо оқои Искандаровро надоштаанд. Аз ин рӯ тамоси мо бо ӯ бисёр мушкил аст.

Ва ҳоло чи кори дигаре аз шумо сохтааст?

Ҳоло ки додгоҳи вилояти Маскав ҳукми додгоҳро лағв кардааст, қарор аст парвандаи Искандаров дубора расидагӣ шавад. Ва ман фикр мекунам, ки додгоҳи Королёво дигар чорае надорад ба ҷуз ин ки тасмими Додситонии шаҳрро дар мавриди адами зарурати овардани Искандаров ба Русия барои бозпурсиро беэътибор бидонад. Бад-ин гуна тақозои ман бароварда хоҳад шуд. Яъне ман умедворам, ки саранҷом Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро ба Русия хоҳанд овард ва бозпурсӣ хоҳанд кард. Ман дар ин маврид бисёр хушбинам, чаро ки худам дар додгоҳи вилояти Маскав ҳузур доштам ва суҳбатҳои қозиҳо дар бораи ин парвандаро шунидам. Ва усулан барои радди тақозои ман ҳеҷ асоси ҳуқуқӣ вуҷуд надорад.

Бо нигоҳе ба оянда, агар шумо муваффақ шудед собит кунед, ки оқои Искандаровро воқеъан ҳам рабуда буданд, баъд аз он чи хоҳад шуд?

Барои ман сахт аст, ки дар ҳоли ҳозир нигоҳе ба ин андоза дур биандозам. Вале исботи ин ҳақиқат рӯи сарнавишти оқои Искандаров асар хоҳад гузошт ва натиҷаҳои таҳқиқи парвандаи ӯ дар Тоҷикистонро низ тағйир хоҳад дод. Ман умедворам, ки ин тавр шавад.

Анна Ставитская, вакили мудофеъи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари дарбанди Ҳизби Демукроти Тоҷикистон дар Маскав. Аммо талошҳои мо барои гирифтани вокуниши мақомоти додрасии Тоҷикистон ба ин мавзӯъ ба натиҷае наанҷомид. Танҳо посухе, ки аз Шариф Раҷабов, муъовини додситони кулли Тоҷикистон шунидам ин буд: Намедонам! Аммо ин мавзӯъро дар барномаҳои баъдии родю Озодӣ низ пайгирӣ хоҳем кард, то бибинем, ки мақомоти додрасии Тоҷикистон дар оянда дар ин маврид чизе хоҳанд донист ё на.
XS
SM
MD
LG