Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Ҷеймс Бонд" тоҷик набуд


Абдулқайюми Қайюмзод

Мақомоти интизомии Тоҷикистон хабари боздошти як табааи худ дар Ӯзбакистон ба иттиҳоми ҷосусиро, ки сомонаи интернетии Press-uz.info, Ожонси хабарии наздик ба мақомоти Тошканд нашр кардааст, бӯҳтон номиданд. Ин мақомот эълом доштанд, ки шахси мавриди назар табааи худи Ӯзбакистон аст, на шаҳрванди Тоҷикистон.
Дар хабари сомонаи интернетии Press-uz.info омадааст, ки Муродуллоҳ Ҷӯраев - сокини ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон, ки ба иттиҳоми ширкат дар қочоқи маводи мухаддир дар зиндон ба сар мебурд, дар пайи як муомила бо масъулони вазорати дохилаи Тоҷикистон ба хотири иҷрои ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави ин ду кишвар аз зиндон раҳо ва ба Ӯзбакистон мунтақил шуда будааст. Ба навиштаи Press-uz.info ин табааи тоҷик бо дастури мустақими сарҳанг Анвар Тағоймуродов - раиси идораи тафтишоти ҷиноии вазорати дохилаи Тоҷикистон ба ин маъмурият фиристода шудааст.
Аммо Анвар Тағоймуродов - раиси идораи тафтишоти ҷиноии вазорати дохилаи Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя ва тӯҳмати сирф унвон кард. Оқои Тағоймурод гуфт, ки нафари боздоштшуда шаҳрванди худи Ӯзбакистон аст, ки ҳамроҳ бо Маҳмуд Худойбердиев - сарҳанги пешини вазорати дифои Тоҷикистон алайҳи давлат ошӯб карда буд:

«Дар бораи Ҷӯраев Муродулло ман ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ӯ зодаи Ӯзбакистон, вилояти Сурхандарё ноҳияи Сариосиё буданд, ки якҷо бо М. Худойбердиев дар ошӯбҳои зидди давлати конститутсионӣ дар соли 1997 иштирок кард ва аз соли 1998 дар кофтуков буд. Соли 2000 вақте ман дар вилояти Хатлон кор мекардам, ӯро боздошт кардем. Ва суди ноҳияи Қабодиён ӯро ба муддат 12 сол аз озодӣ маҳрум кард, барои иштирок дар ошӯб ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ. Баъди куштори генерал Ҳафизов Ҷӯраев ба шӯъбаи корҳои дохилӣ даъват шуда дар онҷо пурсида шудагӣ буд. Аммо дар бораи он, ки гӯё ӯро мо тайёр карда бошем ин дурӯғи маҳз аст, ҳамаи ин тӯҳмат аст нисбати мо. Соли 2000 баъди он, ки ӯ ҳамчун ҷинояткор дар кофтуков буд, ӯро боздошт карда сӯҳбат карда будем. Аз ҳамон рӯз моро мешиносад.»

Оқои Тағоймуродов ҳамчунин ишора кард, ки эъломи боздошти ҷосуси тоҷик дар Ӯзбакистон як навъи вокуниши мақомоти амниятии ин кишвар ба ошкор шудани омилони қатли раиси Донишгоҳи низомии Тоҷикистон аст, ки аз сӯи нафарони вафодор ба Маҳмуд Худойбердиев – сарҳанги собиқи вазорати дифоъи ин кишвар анҷом шудааст.
Тайи ду моҳи ахир мақомоти Тоҷикистон аз боздошти чандин ҷосуси Ӯзбакистон дар шимоли ин кишвар иттилоъ дода буданд. Ва ба ақидаи бархе аз таҳлилгарон тирагии беш аз пеши равобити миёни ду кишвар дар заминаи иттиҳомоти ҷосусӣ метавонад кори дасти мақомоти амниятии кишвари севвум бошад.
Рустам Ҳайдаров коршиноси тоҷик дар масоили минтақаӣ мӯътақид аст, ки баъд аз наздикии дубораи Ӯзбакистон ба Русия муносиботи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ба сардӣ гароид:

«Ба фикри шахсии ман Русия дар Осиёи Марказӣ ягон гуна шарик надорад, балки ҳадафҳои худро дорад. Ва вобаста ба ҳамон ҳадафҳо вай метавонад шарикони сиёсии стратегии худро иваз намояд. Фишори сиёсӣ ҳоло аз ҷониби Ӯзбакистон ба ҳукумати Тоҷикистон зиёд шуда истодааст. Воқиаҳое, ки дар рӯзҳои ахир ба амал омада истодаанд, ин ҳама дар асоси ҳамин воқиаҳо сурат гирифта истоданд.»

Вале дар матлаби мунташира дар сомонаи интернетии Press-uz.info гуфта мешавад, ки Муродуллоҳ Ҷӯраев дар ҷараёни тафтишот иқрор кардааст, ки ӯ барои иҷрои амалҳои террористӣ ва қатл дар хоки Ӯзбакистон бо туфанги бесадо ва як миқдори пул таъмин шуда будааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақоми масъули вазорати дохилаи Тоҷикистон аз чигунагии раҳоии нафари муттаҳам ба ҷосусӣ бидуни анҷоми мӯҳлати ҷазо аз маҳбас изҳори беиттилоӣ кард.
XS
SM
MD
LG