Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комёбиҳову нокомиҳои нав дар Ҷоми Ҷаҳонӣ


Рӯзи панҷшанбе, 22 июн дар даври севвуми марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол дар Олмон 4 бозии дигар барпо шуд. Тими Итолиё бар Чехия бо натиҷаи 2 бар 0 ва Гана бар Амрико бо ҳисоби 2 бар 1 пирӯз омада, 2 роҳхат ба бозиҳои ҳаштякниҳоӣ аз гурӯҳи Е-ро ба даст оварданд. Ҳамин тавр, тимҳои Чехия ва Амрико баъди ин нокомӣ бо Ҷоми Ҷаҳонӣ падруд гуфтанд.

Дар гурӯҳи F Бразил бар Ҷопон бо натиҷаи 4 бар 1 ғолиб омада, бо 9 имтиёз сазовори ҷойи аввал шуд. Австралия, ки бозии дирӯзаашро бо Хорватия мусовӣ - 2 бар 2 - анҷом дод, бо 4 хол мақоми дуввум ва роҳхати дуввум аз ин гурӯҳро ба бозиҳои ҳаштякниҳоӣ ба даст овард. Ҳамин тавр, дар бозиҳои ҳаштякниҳоӣ Бразил ба дидори Гана ва Итолиё ба дидори Австралия хоҳанд рафт.

Имрӯз 4 бозии охирини даври севвуми марҳалаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии Футбол доир хоҳанд шуд. Дар гурӯҳи Н Украина имрӯз бо Тунис ва Испания бо Арабистони Саудӣ қувва хоҳанд озмуд. Аммо дар гурӯҳи G Суис (Швейтсария) имрӯз бо Куриёи Шимолӣ ва Фаронса бо Того вориди рақобат мешаванд.
XS
SM
MD
LG