Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти "Ҷеймс Бонд"-и тоҷик дар Ӯзбакистон?


Press-uz.info, як саҳифаи интернетии наздик ба мақомоти Тошканд навиштааст, ки ниҳодҳои интизомӣ ахиран дар ҳудуди вилояти Сурхондарёи Ӯзбакистон шаҳрванди тоҷикеро боздошт кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо, бо дастури мақомоти Тоҷикистон нақшаи анҷоми амалиёти террористӣ дар қаламрави Ӯзбакистонро дар сар доштааст.
Press-uz.info мегӯяд, сокинит ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлони Тоҷикистон Муродуллоҳ Ҷӯраев дар ҳудуди ноҳияи Бандихони Сурхондарё тасодуфан боздошт шуда ва акнун таҳти бозпурсӣ қарор дорад.

Ин нашрия аз мақомоти амниятии Ӯзбакистон нақли қавл мекунад, ки гуфтаанд, Муродулоҳ Ҷӯраев эътироф кардааст, ки ӯ пештар бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шуда буд ва иҷрои ин дастурро ба хотири пул ва дар ивази ваъдаи раҳоияш аз зиндон ба гардан гирифтааст. Бино ба хабарҳо, Ҷӯраев ба муфаттишин гуфтааст, ки дар пайи тамрин гирифтанаш дар вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба ӯ дастур додаанд, ки ба хотири анҷоми кушторҳо роҳии Узбакистон шавад. Гуфта мешавад, Ҷӯраев ҳамчунин эътироф карда, ки барои ҷалби афрод ба хотири анҷоми ҳамалоти террористӣ дар ...Тоҷикистон дастур гирифта буд.
XS
SM
MD
LG