Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чашм ба футбол ва дил ба шартбарак


Дар чойхонаву обҷавфурӯшиҳои Суғд сари як пиёла чой ва ё як ҷоми обҷав зимнан равиши мусобиқоти ҷаҳонии футболро ройгон дидан мумкин аст. Инчунин ҷойҳои ҷамъомади одамон қабл аз оғози мусобиқаҳои ҷаҳонӣ маъмулан то соати 12 - и шаб кор мекард, акнун то соати 2-и шаб ба вақти маҳаллӣ, яъне - то анҷоми бозии сеюм дарҳои худро барои дӯстдорони футбол боз гузоштааст. Як мухлиси футбол дар чойхонаи хиёбони марказии Хуҷанд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ чунин мегӯяд:
«Ман барои тамошои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ махсус як мавҷгири моҳвораӣ харидам. Аммо нағз шуд, ки шабакаҳои телевизионии худамон ҳам бозиҳоро мустақиман намоиш медиҳанд.»
Аммо на ҳама хонаводаҳои суғдӣ, тақрибан 400 000, дорои оинаи нилгун ва мавҷгирҳои моҳвораии худ ҳастанд. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 12 сомонист, бар замми ин бекории саросарӣ, дар чунин шароит доштани телевизионҳои бузург, ба истилоҳ кинотетрҳои оилавӣ дар хона ва мавҷгири моҳвораӣ болои бом як нишони дороии хонаводаи суғдӣ ҳисоб мешавад.
Дигар аз ҷойҳои аслии ҷамъомади мухлисони футбол назди маркази букмейкер ва ё шартбараку гаравбозӣ дар хиёбони марказии шаҳри Хуҷанд аст. Ин ягона нуқтаи гаравбозӣ дар вилояти Суғд маҳсуб меёбад. Дар пайи дуруст ва бехато муайян кардани натиҷаи бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар ин ҷо маблағе бурд кардан мумкин аст. Алишер Муҳаммадиев, сарвари маркази букмейкер мегӯяд, қоидаи иштирок дар гаравбозӣ душвор нест ва бо саршавии мусобиқаҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол ин бозии нав ҳаводорони зиёд пайдо кардааст:
«Мо бо маблағҳои калон бозӣ намекунем. Саҳми аз ҳама зиёд - 3 сомонӣ. Чунки имконияти баргардони бурдҳои бузургро надорем. Аммо иштироккунандагон бо саҳми 3 сомонӣ дар сурати дуруст нишон додани натиҷаи мусобиқаи ду дастаи футбол аз 20 то 30 сомонӣ бурд карда метавонанд.»
Дар байни иштироккунандаҳои ин бозии нав ҳам бурдаҳо буданд, ҳам бойдодаҳо:
«Ман аз сари мусобиқаҳо натиҷаи бозиҳоро пешакӣ муайян мекунам. То бозии 15-ум се бор хато кардам, дигар ҳама дуруст буд.»
«Ман аз аввал ҳамагӣ натиҷаи се бозиро дуруст ёфтам. Дигараш рост наомад. Масалан, ман бовар доштам, ки дастаи Полша бар Парагвай ғалаба мекунад, аммо баракс шуд.» Сокинони Хуҷанд ва атрофи он бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футболро бештар аз тариқи шабакаи маҳаллии «Азиа Спорт» тамошо мекунанд. Ин шабака дар пахши мустақими бозиҳои ҷаҳонии футбол дар байни дигар телевизионҳои Тоҷикистон пешгом аст. Пахши бозиҳои аввали мусобиқот аз ин шабака назар ба ду шабакаи сартосарии Тоҷикистон тақрибан як сония қабл шурӯь гашта, то охир ин пешсафиро аз даст намедиҳад, аз ин рӯ мухлисони зиёдро ба сӯи худ кашид. Ҳамчунин ин шабака низ дар байни бинандаҳои худ барои дарёфти натиҷаи бозии навбатӣ аз силсилаи мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ озмун эълон мекунад.
Аммо барои бархе аз сокинони манотиқи дурдаст ва кӯҳдомани Суғд, ба мисли Кӯҳистони Масчо ва Ашту Исфара, ки аз дидани намоишҳои телевизиони Тоҷикистон ва умуман тамоми шабакаҳо бо мавҷгирҳои оддӣ маҳруманд, мавҷгирҳои моҳвораӣ ягона василаест, ки барояшон имкони тамошои мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футболро фароҳам сохтааст.
XS
SM
MD
LG