Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳоҷирони бесоҳибу бесарнавишт


Дар феҳрасте ки созмони Тоҷик-диаспора ахиран интишор кард, аз 63 нафар муҳоҷири фавтидаи Тоҷикистон дар шаҳру вилояти Маскав 33 нафар дар ҷои кор ба ҳалокат расидаанд, аз ин шумора 26 нафар, бо шумули занону кӯдакон дар хоначаҳои чӯбини анбори меваҷоти вилояти Маскав дар шабонарӯзи сармои зимистон сӯхтаанд. 4 зан ва ду кӯдаки 13-солаи тоҷик моҳи феврал ба ҳангоми фурӯравии боми бозори Басмани Маскав ҷони худро аз даст додаанд. Як ҳафта пеш як коргари ҷавони тоҷик дар натиҷаи афтодан аз даҳметрии сохтмони навбунёд кушта шуд. Ин оморест аз шаҳру вилояти Маскав. Дар саросари Русия ҳаррӯза аз 4 то 7 шаҳрванди Тоҷикистон фавт мекунад, омадааст дар феҳрасти интишоркардаи Тоҷик-диаспора. Дар гузорише, ки дар ин замина созмон нашр кардааст, барои ҳалокати атбоъи Тоҷикистон дар корхонаҳои Русия ҳеҷ корфармое ҷавоб нагуфтааст. Корфармоён ба пайвандони ҳалокшудагон, ҳатто барои фиристодани ҷасади онҳо ҳеҷ гуна кумаки молӣ накардаанд. Сабаби бетафовутии корфармоёни Русия ба сарнавишти муҳоҷирони кории Тоҷикистонро донишмади тоҷики муқими Маскав Боғшои Лашкарбек дар он мебинад, ки тоҷикон дар Русия ғайриқонунӣ кор мекунанд ва ҳамзамон имкони дарёфти ҷои кори қонуниро надоранд. Ин коршинос дар масъалаи ин ки муҳоҷирони тоҷик ҳуқуқи худро дар Русия то куҷо мешиносанд ва оё дар ин кишвар имкони ҳақталошӣ ҳаст ё не мегӯяд, на ва дар ин сарзамин одами ҳақталош аз одами сархам бештар азоб мекашад.
Донишмандони дигари тоҷик, Бурӣ Карим, ки солҳо дар Маскав ба сар мебарад, бар ин аст, ки яке аз иллатҳои ба мушкилоти фаровон гирифтор будани тоҷикон дар Русия парокандагии онҳо ва надоштани як иттиҳодияи саросарии коромад аст.
Бурӣ Карим ҳамчунин ақида дорад, ки созишномаҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Русия дар масъалаи ҳифзи ҳуқуқи иҷтимоъии муҳоҷирон бештар назарӣ ҳастанд ва ҳануз роҳҳои иҷрои онҳо маълум нест. Агар ин роҳ маълум бошад, мақомоти Русия дар ҳамдастӣ бо сафорати Тоҷикистон ва созмонҳои тоҷикӣ метавонад, мушкилоти муҳоҷиронро ҳал намоянд.
Лозим ба тазаккур дорад, ки дар банди 15-и созишномаи фаъолияти корӣ ва ҳифзи иҷтимоъии шаҳрвандони Русияву Тоҷикистон корфармоёни ҳарду кишвар барои расонидани ҳама гуна кумак, аз ҷумла дар ҳоли фавти коргар барои фиристодани ҷасади вай ба ватан муваззаф карда шудаанд. Ва аммо дар банди 7-и ҳамин созишнома гуфта шудааст, масъалаи бимаи иҷтимоъии коргаронро ҷонибҳо дар созишномаи дигар танзим хоҳанд кард. Яъне муҳоҷирони кори Тоҷикистон дар Русия ҳануз аз ҳуқуқи иҷтимоӣ бархурдор нестанд. Ин созишномаи зиддулнақиз 16 октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе дар ҳузури руасои ҷумҳури Русияву Тоҷикистон имзо шудааст ва В.Путин онро моҳи январи соли равон тасдиқ кард. Иҷрои ин созишнома бар ӯҳдаи вазоратҳои умури дохилӣ, тандурустию рушди иҷтимоӣ, хадамоти федералии муҳоҷиратии Русия ва вазорати кору ҳифзи иҷтимоъии аҳолии Тоҷикистон аст. Гузашта аз ин, барои пиёдасозии созишнома ҷонибҳо гурӯҳи корӣ бояд ташкил бидиҳанд. Ба гуфтаи намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон ҳануз чунин гурӯҳи корӣ ташкил нашудааст ва вазоратҳои номбаршуда ҳам дастури равшани иҷрои созишномаро дар даст надоранд.
Пас хулоса ин аст, ки муҳоҷирони кории тоҷик то замони номаълум ҳамчунон дар ҳоли беҳуқуқӣ ба сар мебаранд ва корфармоён ва мақомоти Русия барои сарнавишти онҳо ҷавобгӯй нахоҳанд буд.
XS
SM
MD
LG