Пайвандҳои дастрасӣ

Боздеҳи даъватҳои занони эътирозгар дар Панҷакент


ноҳияи Панҷакент Ҳукумат мегӯяд, дар посух ситоди фаврӣ таъсис дод ва корро сар кард, аммо мардум мегӯяд, хатар ҳанӯз бартараф нашудааст.

Cарони ситоди вижаи ҳукумати шаҳри Панҷакент ба натиҷае расидаанд, ки агар се сарбанди об дар рӯдхонаи Зарафшон сари вақт тармим нашавад, мумкин аст, бар асари обхезӣ 600 сокини ҷамоаи Хурмии ноҳия аз манзили зисти хеш маҳрум шаванд. Ҳакимбой Маҳкамов, ноиби аввали раиси шаҳри Панҷакент ба радиои Озодӣ гуфт, ситоди мазкур дар пайи эътирози занони рустои Сурхоб, ки аз афзоиши об дар рӯдхонаи Зарафшон ба ташвиш омадаанд, ба таври фаврӣ таъсис ёфтааст. Вай гуфт, бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимоли офат ва паёмадҳои ногувор мақомоти давлатӣ ҳамроҳ бо мардуми рустоҳои атроф ба бозсохти сарбанд ва мустаҳкам кардани соҳилҳои рӯдхона машғуланд. Аммо Мавлон Мирзоев, сардори корхонаи воҳиди "Зарафшон", ки ба ин сохтмон раҳбарӣ мекунад, мегӯяд, бо вуҷуди он ки хатари обхезӣ хеле бузург аст, дар ҳоли ҳозир то андозае аз он ҷилавгирӣ ба амал омадааст. Булдозерҳо ва нируи кор, ба гуфтаи Мирзоев, дар хатарноктарин қисмати рӯдхона ба баланд кардани соҳил машғуланд. Ин қисматест, ки обхезӣ дар навбати аввал ба деҳаи Сурхоб таҳдид мекунад. Дар ҳамин ҳол Уктам Шодиев, раиси кумитаи маҳаллии Сурхоб мегӯяд, ҳарчанд пас аз намоиши эътирозии занони ин русто ҳукумати ноҳияи Панҷакент вокуниш нишон додаву мехоҳад аз паёмадҳои бади селу обхезӣ пешгирӣ кунад, хатари ин офат ва тахриби манзилҳои зист ба куллӣ аз байн нарафтааст. Вай мегӯяд, об дастикам ба 12 манзил ворид шудааст ва 63 ҳавлии дигар зери хатар мебошанд.
Ба иттилоъи Ситоди ҳолатҳои изтирории Панҷакент, дар соли гузашта 115 хонавода дар деҳоти ҳамин мавзеъ бар асари обхезӣ дар рӯдхонаи Зарафшон аз манзилҳои худ маҳрум шуда, 300 гектар киштзор зиён дид ва зарари умумӣ ба 9 миллиион сомонӣ баробар шуд. Имсол бо аввалин нишонаҳои такрори офат, занони деҳоти ҷамоаи Хурмӣ дар назди биноҳи ҳукумати маҳаллӣ намоиши эътирозӣ барпо карданд ва аз мақомоти кишвар талаб намуданд, илоҷи воқеъаро пеш аз вуқӯъ ёбанд.
XS
SM
MD
LG