Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои озмуни Банки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон эълон шуданд


Намояндагии доимии Банки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ғолибони озмуни грантҳои хурди худро барои соли 2006 эълон кард, ки ба ҳифзи ҳуқуқи қишрҳои осебпазири ҷомеа, рушди хайрия, маориф ва ҳифзи муҳити зист равона шудаанд. Дар изҳороти намояндагӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 22-юми июн нашр шуд, гуфта шудааст, имсол 7 созмони ғайриҳукуматии Тоҷикистон барои таҳия ва пешниҳоди барномаҳои мушаххас ба кӯмакҳои Банки ҷаҳонӣ даст хоҳанд ёфт. Ҳайъати доварон аз коршиносони мустақил ва намояндагони созмонҳои байнулмилал барандагони озмунро аз миёни 75 созмону гурӯҳи ғайридавлатӣ интихоб кардаанд. Чунончи, созмонҳое монанди Конуни маъюбон ва бепарасторони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон барои барномаи маърифати ҳуқуқии маълулон, Маркази ҳимояти ҳуқуқӣ ва иҷтимоии занону ҷавонони "Фемида" барои омӯзониши қонунҳои никоҳу оила ба 180 корманди бахшҳои сабти аҳволи шаҳрвандӣ, Бунёди "Некӣ" барои ҷалби кӯдакони ноқис ба ҳаёти ҷамъиятӣ, Маркази фарҳангии "Косаи давр" барои ҷалби соҳибкорон ба пуштибонӣ аз фарҳангу ҳунар ва беҳдошт, Анҷумани "ЭкоВахш" барои нашри донишҳои зистмуҳитӣ дар навоҳии Вахш ва Бохтар аз сармояҳои хурди Банки ҷаҳонӣ (аз 3 то 7 ҳазор доллар истифода хоҳанд кард. Ин созмон дар панҷ соли охир бо созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон 156 ҳазор доллар грант додааст.
XS
SM
MD
LG