Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон 50 донишҷӯи узбакистониро ихроҷ кард


Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Игор Сатторов мақомоти интизомии ин кишвар гурӯҳе аз шаҳрвандони Узбакистонро, ки асосан донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе будаанд, аз Тоҷикистон берун кардаанд. Ҷаноби Сатторов ба нақл аз ин мақомот мегӯяд, ин иқдом ба он сабаб рӯй додааст, ки шаҳрвандони кишвари ҳамсоя раводиди сафар ва қайди марзбонии Узбакистонро дар мавриди убури марз надоштаанд. Ба ин сабаб ҳузури онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ғайриқонунӣ дониста шудааст. Аммо яке аз донишҷӯён мегӯяд, ихроҷшудагон раводиди сафар доранд, танҳо ҳангоми гузаштан аз посгоҳи марзии Узбакистон ба гузарномаи онҳо муҳри убури марз гузошта нашудааст. Ноиби раиси Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе Нафиса Юнусова ба радиои Озодӣ гуфт, "тарафи Узбакистон гунаҳкор аст, ки чунин муҳрро нагузоштааст ва ҳам худи донишҷӯён, ки кӯшиш кардаанд, роҳи осонро ёфта, на ба воситаи гузаргоҳҳои расмӣ ва ҳудуди Тоҷикистон ворид шудаанд." Ба гуфтаи Баҳром Холназаров, сардори раёсати умури консулӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт, ин мушкилро мебоист донишгоҳ ҳал мекард, зеро донишгоҳ масъул аст ва донишҷӯён барои таҳсил дар он пул месупоранд. Аз сӯи дигар, афзуд Холназаров, агар донишҷӯён пеш аз вуқӯъи ҳодиса ба раёсати умури консулӣ муроҷиат мекарданд, шояд мушкил ҳал мешуд ва кор ба ихроҷ намекашид. Аммо сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Игор Сатторов мегӯяд, ҳанӯз ҳам ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди донишҷӯён аз иродаи нек кор гирифт, зеро бар зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз накард. Дар бобати идомаи таҳсили донишҷӯёни узбакистонӣ, ҷаноби Сатторов гуфт, бо таҳияи асноди зарурӣ онҳо метавонанд, бо роҳи қонунӣ ба Тоҷикистон баргарданд ва таҳсили худро идома диҳанд.
Мирзонабии Холиқзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG