Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омилини парвандаи тухмии картошка маҳкум ба зиндон шуданд


Додгоҳи шаҳри Душанбе бо судури як ҳукм панҷ тан афроди масъули Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Амаранд»-ро ба иттиҳоми тақаллуби асноди харидории тухмии картошка барои хоҷагиҳои картошкапарварии ин кишвар ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум намудааст. Бар асоси ҳукми содир намудаи додгоҳи шаҳри Душанбе Қурбонов Намоз раиси ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Амаранд» ба мӯҳлати 12 сол ва Раҷабов Файзалӣ таъминотчии ин ҷамъият ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд. Дар заминаи ин қазия ҳамчунин Муродов Сироҷиддин собиқ муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон ба масрафи ғайриҳадафмандонаи маблағҳои буҷавӣ ва сӯистифода аз мақоми хидматӣ айбдор дониста шудааст ва акнун ӯ мутобиқи ҳукми содира панҷ солро пушти панҷараи зиндон мегузаронад. Ба далели анҷоми доду ситади ғайриқонунунии хариди тухмии картошка ҳамчунин Шомаҳмадов Азиз сармуҳосиби пешини як ширкати дигари миёнарав мавсум ба " Кру" ҳам аз ҷониби додгоҳ маҳкум ба 2 соли зиндон шудааст. Таҳқиқи қазияи харидории тухмии картошка тавассути вазорати амнияти Тоҷикистон анҷом гирифтааст. Бори нахуст дар ин бора ҳудуди 2 моҳ қабл додситони кулли Тоҷикистон зимни як нишасти матбуъотӣ сухан гуфта буд. Зокир Аҳроров намояндаи дафтари матбуъоти вазорати амнияти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт дар натиҷаи ошкор гардидани мавориди зиёди тақаллубкорӣ дар ин қазия ба буҷаи вазорати кишоварзӣ беш аз як миллион сомонӣ, маблағи беш аз 300 ҳазор доллари амрикоӣ зиён ворид шудааст.
XS
SM
MD
LG