Пайвандҳои дастрасӣ

Бохти аввалини «Регар» ТадАЗ


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар бозии навбатии худ дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ аз тими мизбон - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 1 бар 2 шикаст хӯрд. Ин аввалин бохти «Регар» ТадАЗ дар ин мусобиқот мебошад. Вале натиҷаи ин дидор мавқеи дастаи «Регар» ТадАЗ-ро дар ҷадвали бозиҳо тағйир надод. Футболбозони шаҳри Турсунзода бо 22 имтиёз аз 9 бозӣ дар ҷойи дуввум қарор доранд. «Вахш», ки нисбати «Регар» ТадАЗ се бозӣ ва нисбати пешсафи ҷадвал - тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров панҷ бозӣ камтар анҷом додааст, бо 12 имтиёз дар зинаи шашум ҷой гирифтааст.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 22:

1. «Парвоз» 11 бозӣ 25 имтиёз
2. «Регар» ТадАЗ 9 22
3. «Хима» 8 20
4. СSKA 8 15
5. «Хуҷанд» 11 15
6. «Вахш» 6 12
7. «Саройкамар» 9 11
8. «Тоҷиктелеком» 8 10
9. «О.Каримзод» 11 9
10. СКА «Помир» 10 6
11. «Ориёно» 9 5
12. «Динамо» 10 4

Ҳамзамон ду бозии мусобиқоти тимҳои лигаи аввал баргузор шуд. Тими «Ҷавонӣ»-и шаҳри Ваҳдат дар майдони худ бар дастаи «Зарафшон»-и Панҷакент бо натиҷаи 6 бар 3 пирӯз шуд ва тими «Ҳосилот»-и Данғара бозиро бо дастаи меҳмон - «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 2 анҷом дод. Дастаҳои «Ҳисор-Алимардон»-и Ҳисор ва «Апрелёвка»-и Қайроққум бо нӯҳимтиёзӣ дар ҷадвали бозиҳо садрнишинанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали бозиҳо то 20 июн:

1. «Ҳисор» 3 бозӣ 9 имтиёз
2. «Апрелёвка» 4 9
3. «Ҳулбук» 3 6
4. «Гвардия» 3 5
5. «Энергетик» 4 5
6. «Баракат» 2 4
7. «Ҷавонӣ» 4 4
8. «Ҳосилот» 4 2
9. «Зарафшон» 5 0
XS
SM
MD
LG